Санаи 2-юми июли соли 2023 дар қисми низомии 06870-и Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии неруҳои десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шералӣ Мирзо ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шарту шароити қисми низомӣ, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, китобхона ва утоқҳои маишиву фароғатии сарбозон дидан карданд.
Дар рафти чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад намуда, афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати 26-солагии Рӯзи таъсисёбии неруҳои десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ зикр кард, ки имрӯз халқи тоҷик дар симои Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватанро мебинанд. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонииҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣаст, ки бароипойдор мондани сулҳуваҳдат ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллат гувоҳӣмедиҳад.
Дар ҳақиқат, волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Дар хотимаи суханронӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода бори дигар афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати солгарди ҷашнашон таҳният хонда, ба онҳо таманниёти неки худро иброз доштанд.