Таҷлили иди Сада дан ноҳия 

 Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик - ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллӣ умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба ҳукми анъана даромад.

 

 

 

     Мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ иди Садаро чун анъанаи неки аҷдодон бо тантана ҷашн гирифтанд. Дар таҷлили ҷашни Сада раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндагони сохтору ташкилот, муассисисаву идораҳо, аҳли маориф, фарҳанг, кишоварзону деҳқонон ва намояндагон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

     Раиси ноҳия ва иштирокдорон аз намоиши ниҳол, гулу буттаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби кишоварзон, боғпарварон ва ҳунармандони фаъоли ноҳия ороста шуда буд, дидан намуданд.

     Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани табрикӣ бахшида ба ҷашни Сада зикр намуд, ки “неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ ба мо - сокинони саодатманди ноҳияи Рӯдакӣ ва кулли мардуми кишвар имкониятеро фароҳам овард, ки бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи кишвар ҷашнҳои миллӣ ва қадимии хешро таҷлил намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бо монанди Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон яке аз идҳои қадимаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Сада пайғом аз наздикшавии фасли баҳор буда, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва ғалабаи гармӣ бар сардӣ аст".

     Баъд аз суханронии раиси ноҳия бо барномаҳои фарҳанги дар сатҳи баланд иди Сада дар ноҳия таҷлил карда шуд.

     Ҳ И С О Б О Т

оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2023

10-уми январи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Садриддин Давлатзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

     

Дар маҷлис муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку. деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

     Маҷлис бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки давоми соли 2023 дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, иҷрои нақшаҳо ва дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас ва чораҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамин буд, ки дар давоми соли 2023 соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия босубот рушд намуданд. Аз ҷумла, дар соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 189 млн 699 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 106 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 10 млн 849 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

     Сипас, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия ҳар кадом оид ба натиҷаҳои рушд дар самту соҳаҳои вобасташудаи хеш ҳисобот доданд.

    Дар ҳисоботи соҳаи кишоварзӣ гуфта шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2023 маблағи 893 млн 512,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 21213 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳо бо ҷуворимакадон 13845 гектар, сабзавот 1563 гектар, картошка 856 гектар, пахта 108 гектар,  полезӣ 37 гектар, зағир 1055 гектар, хӯроки чорво 3059 гектар ва дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ 688 гектар мебошад.

     Саноат

      Корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 613,0 млн сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 100,2 фоизро ташкил медиҳад.

    Дар ноҳия дар  соли 2023 180 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, 5 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла, ҶДММ “Сарҷамъ”, ҶДММ “Мурғи ҳилол” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда,  ҶДММ “ҳоҷи Аҳмадҷон” ва ҶДММ “Аббоси Нозим”ба истеҳсоли хишти бинокорӣ бо 120 ҷойи корӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, сохтмони 8 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ идома дорад.

    Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2023 ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ Корхонаи воҳиди давлатии “Чевар”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ташкил карда шуда, соли 2023 ба миқдори 25300 дона либоси мактабӣ ба маблағи 564 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд.

      Сохтмон ва меъморӣ

     Дар соли 2023 корхонаҳои сохтмони пудратии ноҳия ба маблағи 482 млн 667 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию  пудратиро бо қувваи худӣ иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,4 фоизро ташкил медиҳад.

     Айни замон  дар  маркази ноҳия - шаҳраки Сомониён дар кӯчаҳои И. Сомонӣ ва ҷавонон ва ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ва баландошёна аз тарафи ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди АСМ “Сохтмон”, “Сангреза”, “Майҳан”, “Дӯстони бунёдкор”, “Аҳмадҷон-2020”, “Абдулло-2016”, “Бунёдкор АН”, “Маҳмудиён”, “Рӯдакӣ Элит-сохтмон”, “Хонаи устувор”, “Шоҳрух-2018”, ки дорои иҷозатномаҳои дахлдор мебошанд, идома дорад.

     Саҳми соҳибкорони зикршуда ва дигарон дар корҳои ободонию созандагии ноҳия назаррас буда, дар соли 2023 аз тарафи соҳибкорон 9 млн 200 ҳазор сомонӣ барои корҳои ободонӣ саҳмгузорӣ шудааст. 

     Илова бар ин, бевосита аз ҷониби аҳолии ноҳия дар соли 2023 3 муассисаҳои таълимӣ, 4 марказҳои саломатӣ  65 синфхонаҳои иловагӣ, 2 пули мошингузар, 3,9 км роҳҳо мумфарш, 14 км роҳҳо сангфарш, 115 чароғакҳои равшанидиҳанда, 4 толору майдончаҳои варзишӣ, 1 муассисисаи томактабӣ ва зиёда 400 метр роҳравҳо сохта ба истифода дода шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

     Савдо ва хизматрасонӣ

     Дар давоми соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмиру хизматрасонии автомобилҳо 2 млр 157 млн сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 3,0 фоиз ё ба маблағи 62 млн 176 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

      Соҳаи маориф

     Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки 9 адади он дар тобеияти Раёсати маориф ва 3 адади дигар хусусӣ буда, дар маҷмуъ, 1957 нафар кӯдакро дар 59 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 50 нафар тарбиягиранда  зиёд мебошад.

     Айни ҳол сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ дар шаҳраки Сомониён (барои 400 нафар кӯдак) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлати Зафар ва муассисаи томактабии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 (барои 100 нафар тарбиягиранда) бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома дорад. Инчунин, бо қарорҳои раиси ноҳия дар назди МТМУ №21, 11 ва  литсейи давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шуд.

     Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2023 2380 адад мизу курсӣ барои хонандагон, 35 адад курсӣ  барои омӯзгорон, 122 адад тахтаи  синфӣ, 104 адад компютер, 4 адад тахтаи электронӣ ва дигар  таҷҳизот ба маблағи 920 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шудааст.          

     Дар соли 2023 биноҳои нави  муассисаҳои таълимии №3 барои 640 нафар ҷойи нишаст  дар  як  баст, №40 барои 325  ҷойи нишаст дар як  баст, №82 барои 200 ҷойи нишаст дар  як  баст ва 100 синфхонаи  иловагӣ  барои 2500 ҷойи нишаст дар як баст  сохта, ба истифода дода шудааст.

     Тандурустӣ

     Соли 2023 дар ноҳия баҳри ҳифзи саломатӣ ва расонидани хизмати тиббӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказии ноҳия бо 236 кат, 3 адад беморхонаҳои деҳотӣ бо 80 кат, 3 адад таваллудхонаҳои минтақавӣ бо 25 кат, маркази саломатии ноҳиявӣ бо 250 кати қабул дар як баст, 24 адад марказҳои саломатии деҳот бо 1755 кати қабул дар як баст, 58 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 18 нуқтаҳои тиббӣ, маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кат, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, маркази ёрии таъҷилӣ бо 12 автомашина дар 6 нуқтаи ёрии таъҷилии минтақавӣ, дорухонаи марказӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ ва маркази мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти одам фаъолият дошта, 288 нафар табиб ва 924 нафар  кормандони миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

     Давоми соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва лоиҳаҳо сохта ба истифода додани 10 адад марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ба маблағи 5 млн 63 ҳазор сомонӣ ва  12 адад марказҳои саломатии деҳоти ноҳия  таъмири капиталӣ гузаронида  шуда, бо таҷҳизотҳои тиббӣ ва мизу курсиҳо таъмин карда шудаанд,

     Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ноҳия сохтмони бинои замонавии Маркази ёрии таҷилӣ ба маблағи зиёда аз 4 млн сомонӣ дар назди беморхонаи марказӣ оғоз гардида, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

     Ҷавонон ва варзиш

     Шумораи  умумии ҷавонон дар ноҳия 133 ҳазору 760 нафар буда, аз ин 65 ҳазору 543 нафарашон ҷавондухтаронро ташкил медиҳад.

     Дар  ноҳия 91 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 50 нафар барандагони  стипендияи раиси  ноҳия мебошанд. ҳамасола 24 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат  дохил шуда таҳсил мекунанд

     Дар ҳудуди ноҳия 2 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, дар он 37 нафар мураббиён ба зиёда аз 929 нафар наврасону ҷавонон тамрин медиҳанд. Айни ҳол дар ноҳия беш аз 430 иншоотҳои варзишӣ вуҷуд доранд, ки аз он 1 варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст, 172 майдончаи футбол, 103 майдончаҳои валейбол, 54 майдончаҳои баскетбол, 32 толорҳои варзишии хусусӣ, 18 майдончаи футболи хурд, 45 толорҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

     Варзишгарони ноҳия дар соли 2023 бо иштирок ва ғолибият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 5 медали тилло, 2 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ, дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳибӣ  35 медали тилло, 83 медали  нуқра ва 131 медали биринҷӣ гардидаанд. 

     Истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

     Дар ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром ҷараён дорад. Аз 369 иншооти  банақшагирифташуда, ба ҳолати 1 январи  соли 2024  120 иншоот (32,5 фоизи нақша) мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки 23 банд ба соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, 2 банд ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, таъмиру азнавсозии боғи фарҳангӣ, сохтмони китобхона, 21 банд сохтмони маркази савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла, сохтмони марказҳои савдою хизматрасонӣ ва мағозаҳои хӯрокворӣ, нуқтаи шустӯшуи автомобилҳо, 1 банд ба сохтмони сартарошхона, 12 банд ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, 6 банд ба соҳаи варзиш, аз ҷумла, толору майдончаҳои варзишӣ, 31 банд ба соҳаи коммуникатсияву хизматрасонӣ,  аз ҷумла, ба азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сохтмони пул (купрукҳо), 10  банд ба  масъалаҳои кандани чоҳҳои амудӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, 1 банд ба бунёди гармхона,  8 адад ба сохтмонӣ  корхонаҳои саноатӣ ва 5 адад  ба дигар намуди бунёдкорҳо  рост меояд.

     Пас аз пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби муовини якум ва муовинон, раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода сухан ронда, нисбати камбудиҳо ва масъалаҳои ҷойдошта ибрози назар кард ва барои ислоҳи онҳо дастуру супориш дод.

      Дар идома, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Садриддин Давлатзода суханронӣ карда, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2023-ро баҳогузорӣ кард. Намояндаи Ҳукумати кишвар соли 2023-ро барои ноҳияи Рӯдакӣ соли расидан ба натиҷаҳои нек арзёбӣ намуда, ҳамзамон дар соли 2024 барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди рушду пешрафт маслиҳату пешниҳодҳои муфид дод.

     Пас аз натиҷагирии кори маҷлис, дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта хулосабарорӣ ва бо назардошти пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.    

      Санаи 16-уми декабри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 81-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон  - Кароматуллоҳи Мирзо маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.

 

 

 

      Дар маҳфил раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода, роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли маориф, фарҳангу санъат, устодон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Ҳузури меҳмонони фахрии маҳфил, адабиётшиносон, сиёсатмадорон, шоирону нависандагони номдор - Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳ Олимов, Исмоил Назрӣ, Мисбоҳиддини Нарзиқул  ва дигарон ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

      Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон дар якҷоягӣ бо мизбонони маҳфил чун рамзи эҳтиром дар назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳамзамон, иштирокчиёни маҳфил аз намоишгоҳи осори нависанда, ки дар долони Қасри фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд.

      Дар оғози маҳфил, ки дар толори Қасри фарҳанг доир шуд раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуд. Раиси ноҳия, сараввал, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки маҳфили имрӯза дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шоирону нависандагонро гули сари сабади маҳфилу ҷашнҳо мехонанд, сурат мегирад. Дар идома, раиси ноҳия  аз ҳаёту фаъолият ва осору эҷоди нависанда Кароматуллоҳи Мирзо ёдоварӣ кард. Зикр гардид, ки асарҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дорои обуранги бадеӣ буда, хонанда, махсусан, насли наврасро дар меҳвари арзишҳои воло, ба монанди худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, некиву накукорӣ, дилу нияти соф, меҳру шафқат, муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқату самимият тарбия мекунад.

 

 

      Сипас, раиси ноҳия аз рӯи суннати тоҷикона ба нависанда ҷома ва тоқии миллӣ тақдим кард. Ҳамчунин, аз ҷониби нависанда ба раиси ноҳия китоби "Марги бегуноҳ" туҳфа карда шуд.

      Дар ҷараёни маҳфил меҳмонони фахрӣ, ҳамсафону ҳамқаламон ва дӯстони нависанда, аз хотираҳо, ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Кароматуллоҳи Мирзо ёдоварӣ карданд.

      Ҳамчунин, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳнае аз филми "Марги бегуноҳ", ки аз рӯйи асари нависанда Кароматуллоҳи Мирзо филмбардорӣ шудааст, намоиш дода шуд. Суруду тарона ва иҷрои рақси "Ҷавонӣ" аз ҷониби санъаткорони ноҳия ба маҳфил шаҳомати нав зам кард.

      Маҳфили эҷодӣ бо сухани ҷамъбастии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо хотима пазируфт.

Подкатегории