Таҷлили иди Сада дан ноҳия
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик - ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллӣ умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба ҳукми анъана даромад.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ иди Садаро чун анъанаи неки аҷдодон бо тантана ҷашн гирифтанд. Дар таҷлили ҷашни Сада раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндагони сохтору ташкилот, муассисисаву идораҳо, аҳли маориф, фарҳанг, кишоварзону деҳқонон ва намояндагон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Раиси ноҳия ва иштирокдорон аз намоиши ниҳол, гулу буттаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби кишоварзон, боғпарварон ва ҳунармандони фаъоли ноҳия ороста шуда буд, дидан намуданд.
Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани табрикӣ бахшида ба ҷашни Сада зикр намуд, ки “неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ ба мо - сокинони саодатманди ноҳияи Рӯдакӣ ва кулли мардуми кишвар имкониятеро фароҳам овард, ки бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи кишвар ҷашнҳои миллӣ ва қадимии хешро таҷлил намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бо монанди Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон яке аз идҳои қадимаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Сада пайғом аз наздикшавии фасли баҳор буда, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва ғалабаи гармӣ бар сардӣ аст".
Баъд аз суханронии раиси ноҳия бо барномаҳои фарҳанги дар сатҳи баланд иди Сада дар ноҳия таҷлил карда шуд.