Рӯзи 24-уми ноябри соли 2023 дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

     Роҳпаймоӣ, ки таҳти шиори "Парчам-рамзи шарафмандии миллат!" доир шуд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатї, муассисаву ташкилотҳо, хонандагону донишҷӯëни муассисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони ноҳия бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо ба майдони назди Парчами давлатӣ ҷамъ омаданд.

 

 

     Пас аз гузашти роҳпаймоии тантанавӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ карда, тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуд. Гуфта шуд, ки парчам барои миллати мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки яке аз аввалинҳо шуда дар ҷаҳон мардуми ориёӣ парчами давлатиро парафшон намуд. Яъне, боз ҳам бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо дар ин самт низ яке аз асосгузорони парчамҳои давлатӣ дар оламанд.

 

 

     Парчам дар баробари  Нишон ва Суруди миллӣ муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва тимсоли тантанаҳои давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони  мутамаддин пайвастани Ватани маҳбубамон аст, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қабул гардид. Соли 2009 бо ташаббуси  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ҷаноби Олӣ дар суханронӣ дар таҷлили нахустин Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки: “Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлати мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд”. Дар ин маврид, тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.

     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва асолати гузашта,  ифодакунандаи маром ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон буда, дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро инъикос менамоянд.

     Дар охири чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишини меҳанпарастона табъи иштирокдоронро шод гардонданд.