Санаи  22-юми июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳия ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” Конференсияи илмӣ – назариявӣ зери унвони «Нақши ВАО-и маҳаллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

 

      Дар Конференсия раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин, намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Худоёри Валӣ ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Далери Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Ҳамчунин, дар чорабинӣ кормандони шуъбаву бахшҳои мақомот, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сабиқадорони матбуот, сармуҳаррирони собиқи рӯзномаи “Насими айём”, аҳли маорифу фарҳанг ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

       Кори Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” табрик намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо иттилоот ва воситаҳои ахбори омма ба силоҳи қудратманди давлатҳо табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри пешрафти технологияи иттилоотӣ нақш ва аҳаммияти ВАО рӯз аз рӯз афзун мешавад. 

              

       Рӯзномаи “Насими айём”-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1934 таъсис ёфта, тӯли 90 сол аст, ки дар фазои иттилоотии ноҳия ва кишвар фаъолият мебарад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзнома бо фарогирӣ ва инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлилу баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда дар таъмини мардум бо иттилооти саҳеҳ ва дақиқ нақши арзандаи хешро гузошта, ин рисолати некро имрӯз низ амалӣ намуда истодааст.

         Дар идома, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо баромад намуда, оид ба таърихи таъсиси нашрияи “Насими айём” ва хотираҳои неки хеш дар ин коргоҳи эҷодӣ ҳикоят кард.

       Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин дар баромади хеш аз рисолат ва нақши матбуоти маҳаллӣ ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Қайд гардид, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии ғояҳо ва татбиқи мақсадҳои хеш истифода менамояд. Дар кишвари азизи мо низ матбуот чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад.

       Кори Конференсия бо суханронии намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Худоёри Валӣ идома пайдо кард. Ӯ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ ва оромию осудагии кишвар хеле назаррас арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки бо туфайли сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васоити ахбори омма барои таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош дорад. Қайд шуд, ки рӯзномаи "Насими айём" дар вазъи рушди иттилооти маҷозӣ, шабакавӣ, расонаҳои интернетӣ, ки ақлу хиради ҷавононро ба доми ифротгароӣ ва хушунат ҷалб мекунанд, фазои иттилотиро бо таблиғи асолатҳои башарӣ, каломи ибратомӯзи ваҳдату ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳушёрии сиёсӣ пур мекунад.

         Дар ҷамъбасти кори Конференсия сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём" Рухшона Шобудинова баромад намуда, ба меҳмонон, иштирокчиён ва тамоми собиқадорони соҳа 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём”-ро шодбош гуфт. Ҳамчунин, сармуҳаррири рӯзнома аз гузаштаи пурифтихори "Насими айём" ёдоварӣ карда, зикр намуд, барои аҳли рӯзнома мояи ифтихор аст, ки чунин шахсиятҳои шинохтаи адабу фарҳанги кишвар, ба мисли Б.Қосимов, О.Қаландаров, Ҳ.Султонов, М.Абдуллоев, Н.Одилов, З.Дӯстматов, Х.Каримов, З.Шодӯстмамадов, З.Муҳиддинов, У.Асалов, Ф.Ҳусейнов, Э.Назаров, М.Қаландаров, З.Арбобов ва даҳҳо шахсияти дигар дар солҳои гуногун вазифаи сармуҳарририи нашрияро ба дӯш дошта, дар такмили фаъолияти рӯзноманигорони наслҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд ва насли имрӯз идомадиҳандаи ин анъанаи нек аст. Гуфта шуд, ки ба муносибати 90-солагии таъсисёбии рӯзнома шумораи идонаи "Насими айём" иборат аз 8 саҳифа бо фарогирии маводи пурмазмун аз дирӯз ва имрӯзи нашрия рӯйи чоп омад ва дастраси хонандагон гардид. Сармуҳаррири рӯзнома дар хотимаи суханронӣ ба раиси ноҳия ва тамоми дастандаркорони баргузории чорабинӣ изҳори сипос намуд.

        Дар маросими қадрдонии чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор собиқадорон, фаъолон ва кормандони рӯзномаи “Насими айём” Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Сипосномаи таъсисдодаи Муассисаи давлатии рӯзномаи “Насими айём” тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия ба Муассисаи давлатии рӯзномаи “Насими айём” як адад ноутбук туҳфа гардид. Аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ба раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва як қатор собиқадорони матбуоти ноҳия Сипоснома тақдим гардид.

         Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангири ҳунуарӣ намоиш дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

 

     Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия  Бароталӣ Ҳамидзода, роҳбарони якқатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сокинону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

      Вохӯриро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт ва мавзуи вохӯриро ба иштирокдорон шарҳ дод.

      Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина таҳкими ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ пешгирии падидаҳои номатлубу халалдоркунандаи субботу оромӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон башумор меравад. Ӯ иброз дошт, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки мо-сокинони кишварро водор месозад, ки барои таъмини субботу оромӣ, ҳаёти осоишта ва ояндаи давлатамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои пешрафту шукуфоии он саҳми арзишманди худро гузорем.

      Дар идомаи мулоқот сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода низ суханронӣ намуда, бо таҳлили вазъи мураккаби сиёсиву геополитикӣ, вусъатё фтани муборизаҳои сиёсию фарҳангӣ аз ҳозирин даъват баамал овард, ки ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намудани наврасон, бояд ҳар як нафар бо дарки масъулият ба таври ҳамешагӣ  талош намояд, зеро маҳз фарзандони бо илму дониш ва дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбия дида метавонанд, барои ояндаи дурахшони давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.

     Ҳамзамон, дигар иштирокдорони вохӯрӣ низ оид ба як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаби ҷомеа суханронӣ намуданд.

 

Рӯзи1-уми июни соли 2024 ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

         Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, намоянда аз Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Зафар Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфзода, сардори раёсати маорифи ноҳия Зиёратшоҳ Назруллозода, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирону мураббиёни кӯдакистонҳои ноҳия ширкат варзиданд.

      Нахуст, дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия озмуни расмкашӣ ва бозиҳои гуногуни кӯдакона ташкил карда шуд, ки дар он кӯдакон-тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.

     Дар идома, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия аз ҷониби кӯдакон-хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбиягирагони кӯдакистонҳо ва Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия баҳри шодиву фараҳи иштирокчиёни чорабинӣ барномаи рангини ҳунарӣ намоиш дода шуд.

      Дар рафти чорабинӣ ба мудирон ва муррабияҳои кӯдакистонҳои ноҳия Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ тақдим карда шуд.

    Ҳамчунин, бо сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои 79 нафар ятимони кули ноҳия, аз ҷумла, ятимони кули Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони каругунг, дастархони идона ороста шуд.

Подкатегории