Санаи 22-юми июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳия ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” Конференсияи илмӣ – назариявӣ зери унвони «Нақши ВАО-и маҳаллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар Конференсия раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин, намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Худоёри Валӣ ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Далери Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ кормандони шуъбаву бахшҳои мақомот, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сабиқадорони матбуот, сармуҳаррирони собиқи рӯзномаи “Насими айём”, аҳли маорифу фарҳанг ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Кори Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” табрик намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо иттилоот ва воситаҳои ахбори омма ба силоҳи қудратманди давлатҳо табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри пешрафти технологияи иттилоотӣ нақш ва аҳаммияти ВАО рӯз аз рӯз афзун мешавад.
Рӯзномаи “Насими айём”-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1934 таъсис ёфта, тӯли 90 сол аст, ки дар фазои иттилоотии ноҳия ва кишвар фаъолият мебарад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзнома бо фарогирӣ ва инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлилу баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда дар таъмини мардум бо иттилооти саҳеҳ ва дақиқ нақши арзандаи хешро гузошта, ин рисолати некро имрӯз низ амалӣ намуда истодааст.
Дар идома, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо баромад намуда, оид ба таърихи таъсиси нашрияи “Насими айём” ва хотираҳои неки хеш дар ин коргоҳи эҷодӣ ҳикоят кард.
Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин дар баромади хеш аз рисолат ва нақши матбуоти маҳаллӣ ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Қайд гардид, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии ғояҳо ва татбиқи мақсадҳои хеш истифода менамояд. Дар кишвари азизи мо низ матбуот чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Кори Конференсия бо суханронии намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Худоёри Валӣ идома пайдо кард. Ӯ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ ва оромию осудагии кишвар хеле назаррас арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки бо туфайли сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васоити ахбори омма барои таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош дорад. Қайд шуд, ки рӯзномаи "Насими айём" дар вазъи рушди иттилооти маҷозӣ, шабакавӣ, расонаҳои интернетӣ, ки ақлу хиради ҷавононро ба доми ифротгароӣ ва хушунат ҷалб мекунанд, фазои иттилотиро бо таблиғи асолатҳои башарӣ, каломи ибратомӯзи ваҳдату ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳушёрии сиёсӣ пур мекунад.
Дар ҷамъбасти кори Конференсия сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём" Рухшона Шобудинова баромад намуда, ба меҳмонон, иштирокчиён ва тамоми собиқадорони соҳа 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём”-ро шодбош гуфт. Ҳамчунин, сармуҳаррири рӯзнома аз гузаштаи пурифтихори "Насими айём" ёдоварӣ карда, зикр намуд, барои аҳли рӯзнома мояи ифтихор аст, ки чунин шахсиятҳои шинохтаи адабу фарҳанги кишвар, ба мисли Б.Қосимов, О.Қаландаров, Ҳ.Султонов, М.Абдуллоев, Н.Одилов, З.Дӯстматов, Х.Каримов, З.Шодӯстмамадов, З.Муҳиддинов, У.Асалов, Ф.Ҳусейнов, Э.Назаров, М.Қаландаров, З.Арбобов ва даҳҳо шахсияти дигар дар солҳои гуногун вазифаи сармуҳарририи нашрияро ба дӯш дошта, дар такмили фаъолияти рӯзноманигорони наслҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд ва насли имрӯз идомадиҳандаи ин анъанаи нек аст. Гуфта шуд, ки ба муносибати 90-солагии таъсисёбии рӯзнома шумораи идонаи "Насими айём" иборат аз 8 саҳифа бо фарогирии маводи пурмазмун аз дирӯз ва имрӯзи нашрия рӯйи чоп омад ва дастраси хонандагон гардид. Сармуҳаррири рӯзнома дар хотимаи суханронӣ ба раиси ноҳия ва тамоми дастандаркорони баргузории чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Дар маросими қадрдонии чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор собиқадорон, фаъолон ва кормандони рӯзномаи “Насими айём” Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Сипосномаи таъсисдодаи Муассисаи давлатии рӯзномаи “Насими айём” тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия ба Муассисаи давлатии рӯзномаи “Насими айём” як адад ноутбук туҳфа гардид. Аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ба раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва як қатор собиқадорони матбуоти ноҳия Сипоснома тақдим гардид.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангири ҳунуарӣ намоиш дода шуд.