Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода, роҳбарони якқатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сокинону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Вохӯриро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт ва мавзуи вохӯриро ба иштирокдорон шарҳ дод.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина таҳкими ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ пешгирии падидаҳои номатлубу халалдоркунандаи субботу оромӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон башумор меравад. Ӯ иброз дошт, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки мо-сокинони кишварро водор месозад, ки барои таъмини субботу оромӣ, ҳаёти осоишта ва ояндаи давлатамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои пешрафту шукуфоии он саҳми арзишманди худро гузорем.
Дар идомаи мулоқот сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода низ суханронӣ намуда, бо таҳлили вазъи мураккаби сиёсиву геополитикӣ, вусъатё фтани муборизаҳои сиёсию фарҳангӣ аз ҳозирин даъват баамал овард, ки ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намудани наврасон, бояд ҳар як нафар бо дарки масъулият ба таври ҳамешагӣ талош намояд, зеро маҳз фарзандони бо илму дониш ва дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбия дида метавонанд, барои ояндаи дурахшони давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, дигар иштирокдорони вохӯрӣ низ оид ба як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаби ҷомеа суханронӣ намуданд.