Санаи 29-уми майи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода маҷлиси машваратӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомоти қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бармеоянд, хотирнишон кард. Қайд гардид, ки дар мулоқоти мазкур Роҳбари давлат ба масъалаи вусъати майдони кишт, аз ҷумла, кишти маккадона, кишти помидор ва коркарди он, содироти зироату мева ва хушкмева ба хориҷи мамлакат, самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ махсус таъкидҳо намуданд.
Дар ҳошияи ин таъкидҳо раиси ноҳия шахсони масъулро вазифадор карданд, ки барои саривақт бо оби полезӣ таъмин кардани кишоварзону боғдорон, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва таъмини чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор ҳангоми ҷамъоварии ҳосили гандум тадбирҳо андешанд. Инчунин, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки назоратро дар самти роҳ надодан ба сохтмонҳои худсарона ва ғайриқонунӣ дар заминҳои кишоварзӣ ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва корхонаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар самти таъмин кардани хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либосҳои босифати мактабӣ вазифадор карда шуданд. Директорони муассисаҳои таълимӣ барои ҳамкорӣ бо корхонаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо либосҳои дӯхти ватанӣ муваззаф гардиданд.
Дар идомаи маҷлис раиси ноҳия аз таъкидҳое, ки аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз санаи 9-уми марти соли ҷорӣ бармеоянд, ёдоварӣ карда, масъалаҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои террористиву ифротӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, эҳсоси масъулият аз ҷониби волидон, омӯзгорон ва дигар сохторҳо, тарбияи дурусти фарзандон ва дигар мавзуъҳои мавриди назарро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи маҷлис оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди растаҳои ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, вусъати корҳои ободонию сарсабзӣ ва таъмини саривақтии нақшаи бунёду барқарорсозии иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, масъулин вазифадор гардиданд.
Раиси ноҳия бо назардошти ҳолати воқеӣ ва таҳлилҳо ба шахсони масъул барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.
Дар хотимаи маҷлис барои ҳамкорӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ муовини якуми раиси ноҳия, сардорони мақомоти қудратӣ, комиссари ҳарбии ноҳия, сархатиби ноҳия ва як қатор волидону омӯзгорон ва имомхатибон барои ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел кардани фарзандонашон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.