МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
12-уми апрели соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои 3-моҳаи дуюм баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Агентии геодезӣ ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Абдуллозода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
Маҷлис бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд.
Дар идома муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 баромад намуда, оид ба дастоварду мушкилоти давраи ҳисоботӣ гузориши муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки нақшаи буҷети ноҳия аз рӯйи контингент дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ба маблағи 63 млн 865 ҳазор сомонӣ ё ин ки 108 % иҷро гардид, ки нисбати нақша 4 млн 990 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, ба маблаги 55 млн 364 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод 109 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 4 млн 614 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Қайд гардид, ки новобаста аз иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети ноҳия камбудиҳо дар ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ҷой дорад. Бинобар ин, нозироти андози ноҳия ва раёсати молия вазифадор шуданд, ки барои ҳалли ин масъала ва фарогирии манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо маблағи 86 млн 395 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105.5%-ро ташкил медиҳад. Аммо дар ин самт низ ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки айни замон дурнамои кишти картошка ва сабзавот ба пуррагӣ таъмин нашудааст. Кишти картошка 30.5% ва сабзавот 6.0%-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагидорон вазифадор шуданд, ки заминҳои обиро аз алафҳои бисёрсола холӣ намуда, дар он кишти пахта ва сабзавотро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷамъовароии саривақтии маблағи истифодаи об, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, хоҷагидоронро дар мавсими кишт бо оби полезӣ таъмин намояд.
Гуфта шуд, ки талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти истифодаи замин натиҷаи дилхоҳ додааст. Барои истифодаи ғайримақсадноки замин нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводҳо тартиб дода шуда, нисбати онҳо ҷарима ба маблағи 44 500 сомонӣ татбиқ гардид.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 10 синфхонаи иловагӣ барои 1322 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, сохтмони 161 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои 4025 ҷойи нишаст идома дорад. Вале дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳо низ ҷой доранд. Бештар аз тарафи хонандагон вайрон намудани талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба назар мерасад.
Раёсати маорифи ноҳия оид ба ислоҳи камбудиҳо дар самти кам будани муассисахои томактабӣ, нарасидани ҷойи нишаст, норасоии асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои фании физика, химия, биология ва норасоии китобҳои дарсӣ вазифадор гардид.
Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз хисоби маблағҳои буҷет, соҳибкорон ва сокинони ноҳия 3 адад бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 4 адад бунгоҳи тиббии дигар дар марҳилаи анҷомёбист. Сохтмони бинои замонавии ёрии таъҷилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ноҳия идома дорад.
Дар хотимаи маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.
Дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии нохия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 бо назардошти рушду пешрафт ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш ҳисобида шуда, бо назардошти баромад ва пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.