Санаи 22 майи соли 2024, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмарӣ” аз 30 майи соли 2008, №468 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади ба низом даровардани хизматчиёни давлатӣ 22 майи соли 2024 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмарӣ” аз 30 майи соли 2008, №468 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои интихоб, ҷобаҷогузрии кадрҳо ва мутобиќи сатҳи дониши касбӣ ва таъмини мувофиқати хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамудаашон аттестатсияи навбати ва такрории хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон гузаронида шуд. Дар аттестатсияи мазкур 27 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар хизматчиёни давлатии ноҳия аз аттестатсия гузаронида шуданд.