Таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ.

       Бахшида ба ин санаи муқаддас, имрӯз, 26-уми июн дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

      Дар чорабинӣ мудирон ва кормандони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва касбу кори дигар, вакилони халқӣ,  фаъолон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.

      Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Раиси ноҳия дар суханронии хеш қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳо, ҷонбозиҳо, қаҳрамониву фидокорӣ, мардонагию ҷасорат ва иродаву матонати абармарди замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани он орзуву ормонҳои деринаи халқ ҷомаи амал пӯшид ва бо имзои "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ" ҷанги хонамонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар хотима ёфт. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас аст ва мову шумо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки падидае ё нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

      Дар идомаи чорабинӣ суханронии раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд. Ӯ ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,  таъкид кард,  ки барои миллати мо ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъӣ ва амнияту осоиштагӣ неъмати муқаддас ва арзиши бузурге мебошанд, ки ибтидои тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз онҳо вобастагӣ дорад. Мо бояд ин дастоварди беназири таърихиро бо нархи ҷон ҳам бошад, ҳифзу ҳимоя намоем.

      Пас аз ҷамъбасти суханрониҳо як қатор деҳқонони фаъол ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои фаъолиятҳои пурсамар, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили фаровон, аз ҷониби раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуданд.

      Сипас, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия намоиши махсуси театрикунонидашуда пешкаш шуд. Дар намоиш ҳунармандон бо маҳорати воло саҳнаҳоро аз рӯзҳои хунину даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, гуреза шудани мардум, рафти музокироту мусолиҳа ва раванди расидан ба Ваҳдату сарҷамъӣ иҷро намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.

     Бо савту суруд ва таронаҳои тараннумгари сулҳу субот ва ваҳдату сулҳ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ хотима пазируфт.

Рӯзи 25-уми июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он вакилони халқи ноҳия 12 масъаларо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

 

     Тибқи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 28 декабри соли 2023 ва дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли ҷорӣ баён гардидаанд,  шунида шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода доир ба ҷараёни татбиқи амалии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти 9 марти соли 2024 бармеоянд ва корҳои анҷомдодашуда дар самтҳои мазкур ба таври муфассал ахборот дода, ҳамзамон, дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

      Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Моҳира Исмонова дар бораи амалисозии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳисобот дода, баҳри татбиқи босамари барнома ва андешидани тадбирҳои муассир бо мақсади бештар кардани дастгирии давлатии занону бонувони лаёқатманди ноҳия таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.

      Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Манучеҳр Ҳамидзод доир ба фаъолияти Комиссия ҳисобот дода, қайд  намуд, ки фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ самаранок буда, дар маҷмуъ, аз тарафи аъзои он 51 дархости вакилӣ доир ба масоили гуногун омода ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор пешниҳод гардидааст. Муҳимтарин корҳое, ки дар натиҷаи пешниҳод, баррасӣ ва иҷроиши дархостҳои вакилӣ анҷом дода шудаанд, ин оғози корҳои сохтмонии мактаб дар деҳаи Истиқлол-3, барқарор намудани робитаи наздик байни мардум ва роҳбарияти ноҳия, таъмини мактабҳо бо мизу курсиҳои таълимӣ, тоза кардани каналу ҷӯйборҳо ва селпартоҳо, таъмири пурраи қубурҳои канализатсионии шаҳраки Мирзо Турсунзода, дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюбон, инчунин, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

      Дар идомаи кори Иҷлосия вакилон масоили соҳаи маорифро баррасӣ намуда, бо мақсади ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти сарбории кор ва нарасидани ҷойҳои нишаст қарорҳои дахлдорро дар бораи табдил додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №175 ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ, дар бораи табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии №№ 23, 95, 97, 104, 130, 135, 142, 149, 159, 168 ва 170 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, дар бораи табдил додани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №№ 74, 75, 87, 92, 95, 96, 101, 102, 111, 120, 129, 136, 137, 141, 144, 145, 154, 166, 168 ва 169 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар заминаи синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 деҳаи Сароб-5 ҷамоати деҳоти Зайнабобод таъсис додани муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ қабул намуданд.

      Тибқи масъалаи дигар дархости вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии "Истиқлол", №4 М. Ҳамидзод аз 17 апрели соли 2024, №51 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Равшаннамоӣ, ороишӣ ва корҳои ободонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ" мавриди муҳокима қарор дода шуд. Оид ба асосноккунии пешниҳоди мазкур вакили халқӣ М. Ҳамидзод дар баромади худ иброз намуд, ки бо мақсади танзими фаъолият оид ба ҳамоҳангсозии корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиргарӣ ва кабудизоркунӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ихтиёрдорӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои фонди ободонӣ, танзими фаъолияти чароғҳои равшанидиҳанда ва ороишӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия ва танзими фаъолияти рекламаҳои берунӣ зарурати таъсис додани муассисаи дахлдори давлатӣ ба миён омадааст. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ ёфта, вобаста ба масъалаи таъсиси Муассисаи давлатии болозикр қарори дахлдор қабул гардид.

       Дар Иҷлосияи навбатӣ бо қарорҳои дигари Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи дуюми соли 2024 тағйирот ворид гардида, инчунин, Нақшаҳои муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён, деҳаҳои Косибон ва Мавҷи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ва қисмати шарқии ҷамоати шаҳраки Навобод тасдиқ карда шуд.

      Ҳамзамон, вакилон тибқи масъалаҳои дигар масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияро, ки дар байни Иҷлосияҳои бисту якум ва бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.

      Дар маҷмуъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда вакилони халқ 9 қарори дахлдор қабул намуданд.

 

Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ раиси

ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод бо сокинону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

      Дар вохӯрӣ масъалаҳои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва  мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар, ки 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид суханрони намуданд.

      Қайд намуданд, ки ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани хона, деҳа, маҳалла, ҷамоату шаҳрак, инчунин баҳри самаранок истифода бурдани тамоми қитъаҳои замини кишоварзӣ ва дар дигар самтњои иқтисоди миллӣ идома бахшида, наслњои ҷавонро аз гаравиш ба гурӯҳои экстремистиву терористӣ пешгирӣ намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудан, дар якҷоягӣ  чораандени намоем.

      Имрӯз ҳар як падару модар, омӯзгор ва дар умум аҳли ҷомеа масъулияти таълиму тарбияи насли навро бар дӯш доранд. Тарбияи дуруст, донишу маърифат, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва эҳсоси олии ватандӯстӣ доштан зарурати муҳим дар тарбияи насли нав маҳсуб мешавад. Гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ин таассубу хурофот ва нодонву ҷаҳолат мебошад. Баръакси ин, дониш, маърифат ва ҷаҳонбинӣ инсонро муваффақ намуда,ба хушбахтиву саодат мерасонад.

      Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, беталаф ҷамъоварии ҳосил, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, обёрии заминҳо ва дигар мушкилоти соҳаи кишоварзӣ қайд кардагузаштанд.

 

 

Подкатегории