Рӯзи 25-уми июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он вакилони халқи ноҳия 12 масъаларо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

 

     Тибқи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 28 декабри соли 2023 ва дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли ҷорӣ баён гардидаанд,  шунида шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода доир ба ҷараёни татбиқи амалии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти 9 марти соли 2024 бармеоянд ва корҳои анҷомдодашуда дар самтҳои мазкур ба таври муфассал ахборот дода, ҳамзамон, дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

      Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Моҳира Исмонова дар бораи амалисозии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳисобот дода, баҳри татбиқи босамари барнома ва андешидани тадбирҳои муассир бо мақсади бештар кардани дастгирии давлатии занону бонувони лаёқатманди ноҳия таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.

      Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Манучеҳр Ҳамидзод доир ба фаъолияти Комиссия ҳисобот дода, қайд  намуд, ки фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ самаранок буда, дар маҷмуъ, аз тарафи аъзои он 51 дархости вакилӣ доир ба масоили гуногун омода ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор пешниҳод гардидааст. Муҳимтарин корҳое, ки дар натиҷаи пешниҳод, баррасӣ ва иҷроиши дархостҳои вакилӣ анҷом дода шудаанд, ин оғози корҳои сохтмонии мактаб дар деҳаи Истиқлол-3, барқарор намудани робитаи наздик байни мардум ва роҳбарияти ноҳия, таъмини мактабҳо бо мизу курсиҳои таълимӣ, тоза кардани каналу ҷӯйборҳо ва селпартоҳо, таъмири пурраи қубурҳои канализатсионии шаҳраки Мирзо Турсунзода, дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюбон, инчунин, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

      Дар идомаи кори Иҷлосия вакилон масоили соҳаи маорифро баррасӣ намуда, бо мақсади ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти сарбории кор ва нарасидани ҷойҳои нишаст қарорҳои дахлдорро дар бораи табдил додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №175 ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ, дар бораи табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии №№ 23, 95, 97, 104, 130, 135, 142, 149, 159, 168 ва 170 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, дар бораи табдил додани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №№ 74, 75, 87, 92, 95, 96, 101, 102, 111, 120, 129, 136, 137, 141, 144, 145, 154, 166, 168 ва 169 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар заминаи синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 деҳаи Сароб-5 ҷамоати деҳоти Зайнабобод таъсис додани муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ қабул намуданд.

      Тибқи масъалаи дигар дархости вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии "Истиқлол", №4 М. Ҳамидзод аз 17 апрели соли 2024, №51 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Равшаннамоӣ, ороишӣ ва корҳои ободонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ" мавриди муҳокима қарор дода шуд. Оид ба асосноккунии пешниҳоди мазкур вакили халқӣ М. Ҳамидзод дар баромади худ иброз намуд, ки бо мақсади танзими фаъолият оид ба ҳамоҳангсозии корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиргарӣ ва кабудизоркунӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ихтиёрдорӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои фонди ободонӣ, танзими фаъолияти чароғҳои равшанидиҳанда ва ороишӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия ва танзими фаъолияти рекламаҳои берунӣ зарурати таъсис додани муассисаи дахлдори давлатӣ ба миён омадааст. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ ёфта, вобаста ба масъалаи таъсиси Муассисаи давлатии болозикр қарори дахлдор қабул гардид.

       Дар Иҷлосияи навбатӣ бо қарорҳои дигари Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи дуюми соли 2024 тағйирот ворид гардида, инчунин, Нақшаҳои муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён, деҳаҳои Косибон ва Мавҷи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ва қисмати шарқии ҷамоати шаҳраки Навобод тасдиқ карда шуд.

      Ҳамзамон, вакилон тибқи масъалаҳои дигар масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияро, ки дар байни Иҷлосияҳои бисту якум ва бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.

      Дар маҷмуъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда вакилони халқ 9 қарори дахлдор қабул намуданд.