Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ раиси
ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод бо сокинону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар, ки 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид суханрони намуданд.
Қайд намуданд, ки ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани хона, деҳа, маҳалла, ҷамоату шаҳрак, инчунин баҳри самаранок истифода бурдани тамоми қитъаҳои замини кишоварзӣ ва дар дигар самтњои иқтисоди миллӣ идома бахшида, наслњои ҷавонро аз гаравиш ба гурӯҳои экстремистиву терористӣ пешгирӣ намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудан, дар якҷоягӣ чораандени намоем.
Имрӯз ҳар як падару модар, омӯзгор ва дар умум аҳли ҷомеа масъулияти таълиму тарбияи насли навро бар дӯш доранд. Тарбияи дуруст, донишу маърифат, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва эҳсоси олии ватандӯстӣ доштан зарурати муҳим дар тарбияи насли нав маҳсуб мешавад. Гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ин таассубу хурофот ва нодонву ҷаҳолат мебошад. Баръакси ин, дониш, маърифат ва ҷаҳонбинӣ инсонро муваффақ намуда,ба хушбахтиву саодат мерасонад.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, беталаф ҷамъоварии ҳосил, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, обёрии заминҳо ва дигар мушкилоти соҳаи кишоварзӣ қайд кардагузаштанд.