- Диданд: 74
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
12-уми апрели соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои 3-моҳаи дуюм баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Агентии геодезӣ ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Абдуллозода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
Маҷлис бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд.
Дар идома муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 баромад намуда, оид ба дастоварду мушкилоти давраи ҳисоботӣ гузориши муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки нақшаи буҷети ноҳия аз рӯйи контингент дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ба маблағи 63 млн 865 ҳазор сомонӣ ё ин ки 108 % иҷро гардид, ки нисбати нақша 4 млн 990 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, ба маблаги 55 млн 364 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод 109 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 4 млн 614 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Қайд гардид, ки новобаста аз иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети ноҳия камбудиҳо дар ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ҷой дорад. Бинобар ин, нозироти андози ноҳия ва раёсати молия вазифадор шуданд, ки барои ҳалли ин масъала ва фарогирии манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо маблағи 86 млн 395 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105.5%-ро ташкил медиҳад. Аммо дар ин самт низ ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки айни замон дурнамои кишти картошка ва сабзавот ба пуррагӣ таъмин нашудааст. Кишти картошка 30.5% ва сабзавот 6.0%-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагидорон вазифадор шуданд, ки заминҳои обиро аз алафҳои бисёрсола холӣ намуда, дар он кишти пахта ва сабзавотро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷамъовароии саривақтии маблағи истифодаи об, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, хоҷагидоронро дар мавсими кишт бо оби полезӣ таъмин намояд.
Гуфта шуд, ки талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти истифодаи замин натиҷаи дилхоҳ додааст. Барои истифодаи ғайримақсадноки замин нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводҳо тартиб дода шуда, нисбати онҳо ҷарима ба маблағи 44 500 сомонӣ татбиқ гардид.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 10 синфхонаи иловагӣ барои 1322 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, сохтмони 161 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои 4025 ҷойи нишаст идома дорад. Вале дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳо низ ҷой доранд. Бештар аз тарафи хонандагон вайрон намудани талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба назар мерасад.
Раёсати маорифи ноҳия оид ба ислоҳи камбудиҳо дар самти кам будани муассисахои томактабӣ, нарасидани ҷойи нишаст, норасоии асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои фании физика, химия, биология ва норасоии китобҳои дарсӣ вазифадор гардид.
Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз хисоби маблағҳои буҷет, соҳибкорон ва сокинони ноҳия 3 адад бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 4 адад бунгоҳи тиббии дигар дар марҳилаи анҷомёбист. Сохтмони бинои замонавии ёрии таъҷилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ноҳия идома дорад.
Дар хотимаи маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.
Дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии нохия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 бо назардошти рушду пешрафт ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш ҳисобида шуда, бо назардошти баромад ва пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
- Диданд: 63
29 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузоргардид.
Пас аз интихоби котибот вакилон рӯзномаи Иҷлосияи навбатиро бо шаш масъала тасдиқ намуданд.
Тибқимасъалаи якуми рӯзнома вобаста ба ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ вахориҷии ҷумҳурӣ" бармеоянд, ахбороти муовини раисиноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода шунида шуд. Бахусус, оид ба Нақшаи-чорабиниҳои тасдиқшуда дар ин самт, амалисозии бандҳои дахлдори он, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноату сохтмон, маорифу фарҳанг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳалли як зумра мушкилоти мавҷудаи маҳаллӣ диққати махсус равона карда шуд.
Дар музокироти масъалаи мазкур вакили халқӣ Адабҷон Ҳасанзода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ дар ноҳия изҳори назар намуда, ҳамзамон, аз ҷониби номбурда таклиф гардид, ки дар баробари ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дигарташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ низ бояд ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаронида шаванд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби раиси Комиссияи мазкур, вакили халқӣ Аҳлиддин Шарифзода ба маълумоти вакилон расонида шуд. Дар музокироти масъалаи мазкур сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Халилов баромад намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти баъзе ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ масъалагузорӣ намуд. Зимнан, роҳбарони сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳо ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамои кишт, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, гирифтани на кам аз 2-3 ҳосил, вусъати корҳои обёрию кабудизоркунӣ ва ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи раиси ноҳия вазифадор карда шуданд.
Дар идомаи кори Иҷлосия вакилони халқи ноҳия масъалаи номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 деҳоти Чоряккоронро ба номи собиқадори соҳаи маориф, доктори илмҳои филологӣ, профессор, марҳум Ҳомид Маҷидов мавриди муҳокима қарор доданд.
Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома вакилон бо қабули қарори дахлдор ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 30 июни соли 2023, №168 тағйирот ворид намуданд, ки мувофиқи он минбаъд ба шахсониҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатномаи махсус мебошанд, барои сохтмони биноҳои баландошёна дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ на зиёда аз 3 бино (блок) иҷозат дода мешавад.
Тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни Иҷлосияҳои бистум ва бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.
Дар маҷмуъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои барраси шуда дар Иҷлосияи навбатӣ аз ҷониби вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ 8 қарор қабул гардид.
- Диданд: 65
Воҳидҳои сохтории мақомоти иљроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
- Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва мурољиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1294,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-871,50
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ. 5.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ.
6.Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ- 871,50 сомонӣ.
7.Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ -1 љой, маоши мансабӣ – 2123,25 сомонӣ
- Сармутахассис (Сарзоотехник)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ
1- љой, маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.
- Сармутахассис (Саргидротехник)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ
1- љой, маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.
- Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ
1- љой, маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.
11.Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ- 1 љой,
маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
12.Сармутахассиси Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.
13.Сармутахассиси Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.
14.Мутахассиси пешбари Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
15.Мутахассиси пешбари Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
1.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки Сомониён - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
2.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз;
3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
4.Сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
5.Нозири мизи ҳарбии Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
- Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи
Љамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
8.Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Љамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
9.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
10.Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
11.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо
ҷомеъаи Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа - 1ҷой, маоши мансабӣ 1012,60
12.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Лоҳур - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
13.Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи
Љамоати деҳоти Лоҳур - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
15.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Лоҳур - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
16.Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
17.Сармутахассиси оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
18.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Гулистон- 1ҷой маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ
19.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеаи Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
20.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
21.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
22.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Сарикиштӣ -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
23.Сармутахассиси оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
- Нозири мизи ҳарби Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
25.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
28.Сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
29.Сармутахассиси оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
30.Мутахассис оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеаи Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
32.Нозири мизи ҳарбии Љамоати деҳоти Чортеппа-1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
35.Сармутаххассис оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеъаи љамоати деҳоти Эсанбой - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
36.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Љамоати деҳоти Эсанбой - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
37.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Эсанбой -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
38.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Султонобод -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Љамоати деҳоти Султонобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
40.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Султонобод - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
41.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
42.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
43.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
44.Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
45.Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
46.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
47.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Қиблаӣ -1љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
48.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
49.Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Љамоати деҳоти Қиблаӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
50.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Зайнабобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
51.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Зайнабобод- 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
52.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуљљатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
- тарљумаи ҳол;
- нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-маълумотнома оид надоштани доғи судӣ;
-маълумотнома аз љои истиқомат;
-син (суғуртаи иљтимои нафақа);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуљљатҳо
Ноҳияи Рўдакӣ, кўчаи И.Сомонӣ 16, Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, телефон: (8-3137) 21-4-01, 2-25-35, Email: hukumat-rudaki@mail.ru,
info@nrudaki.tj
Қабули ҳуљљатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Подкатегории
Саҳифаи 6 аз 64