ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶДОДӢ
26-уми март дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Субҳи барвақти рӯз занону бонувони фаъол дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия маросими суманакпазӣ гузаронида, бо афрӯхтани оташ ва иҷрои суруду таронаҳои халқӣ шодиву нишот намуданд.
Дар давоми рӯз дар назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ идома ёфт. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода ва собиқадорону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон намоишгоҳи оростаи ҳунармандону кадбонуҳои ноҳияро, ки аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, хони идонаи наврӯзӣ ва маҳсулоти нонӣ иборат буданд, тамошо намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.
Дар идомаи чорабинӣ паёми табрикии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.
Зикр шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гардида, дар Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф карданд. Ин барои мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд. Аз ин рӯ, мо низ ҳамчун наслҳои сазовори ниёгон бояд анъанаҳои неки аҷдодонамонро давом диҳем, то ки ояндагон аз мо ибрат гиранду меросҳои фарҳангӣ насл ба насл идома дода шаванд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода суханронӣ карда, тамоми ҳозирин ва мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд ва ба онҳо рӯзгори орому осуда ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистон осмони софу беғубор ва фазои сулҳу суботи абадӣ орзу кард.
Дар бахши тантанавии чорабинӣ ҳунармандон ва сарояндагони маъруфи кишвар бо пешниҳоди барномаи рангини театркунонидашуда, суруду тарона ва рақсу оҳангҳои ҷолибу ҷаззоб хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ба 6 ҷуфт навхонадорон аз ҷониби раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардид.