29 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузоргардид.

Пас аз интихоби котибот вакилон рӯзномаи Иҷлосияи навбатиро бо шаш масъала тасдиқ намуданд.

 

Тибқимасъалаи якуми рӯзнома вобаста ба ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ вахориҷии ҷумҳурӣ" бармеоянд, ахбороти муовини раисиноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода шунида шуд. Бахусус, оид ба Нақшаи-чорабиниҳои тасдиқшуда дар ин самт, амалисозии бандҳои дахлдори он, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноату сохтмон, маорифу фарҳанг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳалли як зумра мушкилоти мавҷудаи маҳаллӣ диққати махсус равона карда шуд.

Дар музокироти масъалаи мазкур вакили халқӣ Адабҷон Ҳасанзода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ дар ноҳия изҳори назар намуда, ҳамзамон, аз ҷониби номбурда таклиф гардид, ки дар баробари ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дигарташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ низ бояд ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаронида шаванд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби раиси Комиссияи мазкур, вакили халқӣ Аҳлиддин Шарифзода ба маълумоти вакилон расонида шуд. Дар музокироти масъалаи мазкур сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Халилов баромад намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти баъзе ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ масъалагузорӣ намуд. Зимнан, роҳбарони сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳо ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамои кишт, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, гирифтани на кам аз 2-3 ҳосил, вусъати корҳои обёрию кабудизоркунӣ ва ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи раиси ноҳия вазифадор карда шуданд.

Дар идомаи кори Иҷлосия вакилони халқи ноҳия масъалаи номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 деҳоти Чоряккоронро ба номи собиқадори соҳаи маориф, доктори илмҳои филологӣ, профессор, марҳум Ҳомид Маҷидов мавриди муҳокима қарор доданд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома вакилон бо қабули қарори дахлдор ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 30 июни соли 2023, №168 тағйирот ворид намуданд, ки мувофиқи он минбаъд ба шахсониҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатномаи махсус мебошанд, барои сохтмони биноҳои баландошёна дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ на зиёда аз 3 бино (блок) иҷозат дода мешавад.

Тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни Иҷлосияҳои бистум ва бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.

Дар маҷмуъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои барраси шуда дар Иҷлосияи навбатӣ аз ҷониби вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ 8 қарор қабул гардид.