Вохурии

муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

 

      Санаи 6 марти соли 2024 вохурии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар маҳаллаҳои Истиқлол–1, Истиқлол-2, Истиқлол-3, Истиқлол-4 ва Истиқлол-5-и   ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода бо иштироки раиси ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода Алиев Аъзам,  иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуѓли аҳолии ноҳия Шарапова Ш., сармутахасисси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Нуров П., корманди шуъбаи амнияти ноҳия Азизода Илҳом ва муовини комиссариати ҳарбии ноҳия Муминзода Ҳасан оид ба  амалисозӣ ва тавзеҳоти нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моҳияти терроризму экстремизм, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда ва ба шуѓли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханрони намуданд.

      Дар рафти вохури аз ҷониби намояндагон ба саволҳои додашудаи сокинон посухҳои мушаххас дода шуд.