Вохурии

муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида

ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

 

 

            Санаи 04 марти соли 2024 вохурии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуќуќӣ» дар кӯчаҳои К.Маркс, Қ.Сардоров, Чоргултеппа, Роҳи нав, Низомии шаҳраки Сомониён бо иштироки муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М.С., раиси ҷамоати шаҳраки Сомониён Баротзода Х., иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Шарапова Ш., сармутахасисси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Нуров П. бо  бо сокинони шаҳраки Сомониён  оид ба амалисозӣ ва тавзеҳоти нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28.12.2023 ироа гардида, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли маърифати ҳуќуќӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, амалисозии «Стратегияи муќовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои худкушӣ ва суиќасд ба ҷони хеш дар давраи соли 2023 ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ гузаронида шуд.