Баромади муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод оид ба муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доштанд
Санаи 12 марти соли 2024 дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардида, баромад намуданд.
Муовини раиси ноҳия қайд намуданд, ки 9 марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дини кишвар мулоқот баргузор гардид, ки дар он аз ноҳия муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба идеология, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва 14 нафар имом - хатибони масҷидони ҷомеъи ноҳия иштирок доштанд. Нахуст, Сарвари давлат кули мардуми мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезкориву эҳсонкорӣ, хайру садоқат, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Дар рафти мулоқот Сарвари давлат нисбати ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда маблаѓи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин, барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи мамлакат даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти хайр ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ѓамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бабаҳоро қадр намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Хамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Дар анҷоми баромадашон қайд намуданд, ки пеш аз ҳама мо хизматчиёни давлатӣ дастуру супоришҳои Ҷаноби Олиро сармашқи корӣ худ намуда, ташвиқоту тарғиботро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурзур намуда, мардумро аз гумроҳи ва гаравиши ҷавонон ба ҳаракату ҳизбҳои террористиву экстремисти пешгири намоем, инчунин моро зарур аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба исрофкорию зиёдарави роҳ надиҳем.