БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар таъмин ва иҷрои ин ҳадафи стратегӣ соҳаи аграрӣ масъул мебошад ва барои бароварда сохтани талаботи аҳолӣ ба маводи хушсифати ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар сол то сол имкониятҳои нав фароҳам мешаванд.
Ноҳияи Рӯдакӣ дорои имкониятҳои васеи рушди соҳаи аграрӣ буда, таъминкунандаи асосии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо деҳқонону кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама самтҳои хоҷагидороӣ фаъолият бурда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, аз заминҳо гирифтани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва зиёд намудани майдони кишт талошу кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, аз ҳолати самаранок истифода бурдани замин дар ноҳия, иҷрои нақшаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, кишти картошка, кишти пахта, истеҳсоли пилла, ҳолати обёрии заминҳо, тозагии ҷӯйу заҳбур ва тозагии гирду атрофи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҳамроҳии муовини директори Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз фаъолияти яке аз гармхонаҳо, ки ба парвариши бодиринги барвақтӣ машғул аст, шиносоӣ пайдо намуда, ба хоҷагидорон маслиҳатои муфид доданд.