Дар майдони марказии ноҳияи Рӯдакӣ санаи 02 октябри соли 2023 гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабини бо роҳаймои оғоз гардида, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҷавонони ватандусту ба ору нанги ноҳияро гусел ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Қайд намуданд, ки ба тамоми ҷавонони ватандусту ватанпарвари ноҳия пеш аз ҳама наваскароне, ки барои истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеъа, ҳамчун сипари боэътимод ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд саломатӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонаги омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Вақте, ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзиши кишварро дар назар дорем».
Ҳамчунин, қайд намуданд, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо наваскаронро ба муносибати гусел ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан иродаи қавӣ, рӯҳи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия Шодиева Сафаргул модаре, ки 4 фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд ба маблағи 5000 ҳазор сомоти тақтим карда шуд.
Аз ҷониби санъаткорони бахши фарњангӣ ноҳия барномаҳои консерти низ баргузор гардид.