НИШАСТИ МАТБУОТӢ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ.
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Сараввал, и.в.раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода меҳмононро хайра мақдам гуфта, сипас оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 мухтасар маълумот дод.
Пеш аз оғози саволу ҷавоб ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Идораи "Почта " барои сари вақт иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаи "Садои мардум " аз тарафи роҳбарияти рӯзнома бо "Сипоснома " қадр карда шуданд.
Баъдан, саволу ҷавоби озод бо рӯзноманигорон сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар саволҳои худро оид ба пешгирии ғасби замин, набудани майдончаҳо барои кӯдакон дар назди биноҳои баландошëна, таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шудани омӯзгорони ҷавон, мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, норасоии омӯзгорон ва ҷойи нишаст барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, таъмини сокинони ноҳия бо ҷойи кор, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ миëни наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии наврасон ва ҷавонон, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз ҷониби и.в. раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ.
- Диданд: 245