ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ.
«Суннату ойини нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии мо - Наврӯз, Меҳргон ва Сада эҳё ва шукӯҳу шаҳомати бештар пайдо намудаанд. Аз ҷумла, Сада ҳам яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик дар кишвар мақоми хоса пайдо намуда, ҳамасола бо тантана таҷлил карда мешавад.
Имрӯз бошад, дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ чун ҳамасола чорабинии фарҳангӣ-фароғатии таҷлили ҷашни таърихии Сада бо иштироки бевоситаи Раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф, роҳбарону намояндагони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзону ҳунармандони меҳнатқарин, аҳли ҷамоатчигӣ ва шумораи зиёди сокинони ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид.
Сараввал Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо ҳамроҳии меҳмонон ва роҳбарону намояндагони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолу гулу буттаҳо, дастурхони идона ва маҳсулоти ҳунармандон дидан намуда, сипас тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии Ҷашни Сада- мужда аз Наврӯзи дар пешистода табрику муборакбод намуд. Ӯ зимни суханронӣ иброз доштанд, ки:
"Ҷашни Сада пайғомест аз наздикшавии Баҳор ва рамзест аз пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва ғалабаи гармӣ ба сардӣ. Ин ҷашн ягон ҷанбаи мазҳабӣ надошта, фурсати муносибест барои кишоварзон ҷихати омодагӣ гирифтан ба фасли кишту кор баҳор. Яъне, ин ҷашн ҳар кадоми моро ба сӯи созандагию ободкорӣ ва замина гузоштан барои ба даст овардани маҳсулоти дилхоҳи кишоварзӣ ҳидоят месозад".
Ҳамзамон, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф дар баромади хеш, ҳамчун ҷашни таърихи ниëгони миллати тоҷик пазируфтани иди Сада сухан карда, баëн намуданд, ки:
"Миллати бофарҳангу тамаддунсози тоҷик тамоми ҷашну русуми қадимаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардааст ва нахоҳад кард. Тамоми чораҳоро баҳри аз байн нарафтани ин анъанаҳо андешида истода, ҳамеша барои ҳифзу эҳё намудани онҳо талош мекунад".
Дар идомаи чорабинӣ аҳли санъаткорони фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуда, ба дилҳо шодию фараҳ бахшиданд.