- Диданд: 336
15 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ, аъзои Ҳайати Шӯро, раисони Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва ҳисоботи раисони Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бораи рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ шунида шуд.
Вазири меҳнат зимни суханронии худ дарҷ намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳунармандӣ, ки бениҳоят ҷавон ва парвардаи даврони Истиқлоли давлатдории мост, таҳти ва ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушду нумуъ ёфта истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар маҷмуъ 4056 нафар шаҳрванд тавассути 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии вазорат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 1860 нафарашон курсҳои кутоҳмуддати ҳунармандиро хатм намудаанд, ки ин омор ба вилоятҳои Хатлон 370 нафар, Суғд 879 нафар, шаҳри Душанбе 254 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 322 нафар ва ВМКБ 35 нафар рост меояд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ва дар анҷоми кори ҷаласа бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт супоришу дастурҳои мушаххас дода шуданд.
- Диданд: 290
Санаи 7 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода, мувонони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмону камуникатсия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаи кишоварзӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
Инчунин дар Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.
Сараввал муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода сӯханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои рушди рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои дуюми соли 2022 ба ҳозирин ҳисобот дод.
Баъд аз анҷоми ҳисобот муовини раиси ноҳия бо роҳбарони соҳаҳо ҷиҳати мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла, иҷро нагардидани дурнамои кишти пахта ва картошка, бо оби полезӣ пурра таъмин нагаштани баъзе заминҳои кишоварзӣ, норасоии мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар мушкилот саволу ҷавоб намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 иҷрои як қатор вазифаҳоро зарур дониста, ҷиҳати амалигардонии онҳо дар давоми соли 2022 пешниҳоди ҳозирин гардонид.
Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода баромад намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулин расонида, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти мавҷуда супоришҳои мушаххас доданд.
- Диданд: 296
1 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хониши идоравии навбатӣ баргузор гардид.
Сипас байни баромадкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ, ки кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия буданд, суолу ҷавоб сурат гирифт.
Подкатегории
Саҳифаи 18 аз 64