Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба Шумо барои  анҷоми аъмоли нек, махсусан аз ғарқшавӣ наҷот додани сокинони деҳаи Ҳоҷиёни шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода изҳори сипос намуда, ҳамзамон Шуморо ба муносибати иди бузург ва муқаддаси Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд.

           Ин амали неки Шумо бо фарҳанги инсонпарварӣ ва инсондустӣ ҳаммаъно буда, дар қалби мардум меҳру шафқат ва саховатро ҷой дода, ба инкишофи ҳамдилию ҳамрайъӣ мусоидат намуда, яке аз қисматҳои таркибии асосии ваҳдати миллии Тоҷикистон дониста мешавад.

        Ҷасурӣ ва шӯҷоати Шумо ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, байни мардумони Тоҷикистон, хусусан ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун як амали ҷавонмардона паҳн гардида, садҳо ҳазор нафар Тоҷикистонӣ аз ҳамватанӣ бо Шумо ифтихор доранд. Шумо намунаи ибрати ҳамсолон ва ҳамватанон гардидаед ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ аз шуҷоату далерии Шумо қаноатманд мебошад.

 

                Саломату сарбаланд бошед, ҳамватани ҷасуру шуҷоъ!