Санаи 7 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода, мувонони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмону камуникатсия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаи кишоварзӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
                Инчунин дар Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.
              Сараввал муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода сӯханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои рушди рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои дуюми соли 2022 ба ҳозирин ҳисобот дод.
             Баъд аз анҷоми ҳисобот муовини раиси ноҳия бо роҳбарони соҳаҳо ҷиҳати мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла, иҷро нагардидани дурнамои кишти пахта ва картошка, бо оби полезӣ пурра таъмин нагаштани баъзе заминҳои кишоварзӣ, норасоии мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар мушкилот саволу ҷавоб намуд.
              Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 иҷрои як қатор вазифаҳоро зарур дониста, ҷиҳати амалигардонии онҳо дар давоми соли 2022 пешниҳоди ҳозирин гардонид.
             Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода баромад намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулин расонида, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти мавҷуда супоришҳои мушаххас доданд.