- Диданд: 281
- Диданд: 396
Ҳамдиёрони гиромӣ !
Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрик гуфта, бароятон бардамию тансиҳатӣ, бахту саодат, рӯзгори хушу осуда, сарбаландӣ ва барои Тоҷикистони азиз якпорчагии абадию пирӯзиҳои беназирро таманно менамоям.
27-июни соли 1997, ки дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шудааст, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол як саҳифаи наву тозае бо номи «Рӯзи оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати тоҷик» ворид намуда, бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, 25 сол боз, чун рӯзи фархунда бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Ин рӯз барои мо Тоҷикистониён, новобаста аз миллату нажоду қавмият воқеан рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати мо дар ҳақиқат неъмати бузург ва арзиши муқаддас мебошад, ки тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз он сарчашма ва тамоми орзуву ормонамон аз ин иттиҳод, ибтидо мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз даҳсолаҳо пештар фарҳанги сулҳро беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар ҳисобида, ҳамчун дастоварди истиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо карданашро изҳор дошта буданд, ки ҳақонияти ин гуфтаҳо имрӯз баръало исботи худро ёфтааст.
Набояд фаромӯш кард, ки барои расидан ба ин рӯзҳои осоишта, давраи пурдаҳшати фоҷиабореро аз сар гузаронида будем.
Шумораи гурезаҳо то 700 ҳазор нафар расида буд, 55 ҳазор кӯдакон бе падару модар монданд. Садҳо ҷавонон ҷони худро аз даст доданд.
Дар шароити ҳассос, қувваҳои солими ҷамъият бо заҳматҳои бисёр дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олиро, ки маҳз дар он тақдири ояндаи давлати тоҷикон таҳрезӣ гардид, баргузор намуданд.
Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, дар аввалин баромадашон иброз доштанд, ки «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Ва ҳамин хел ҳам шуд. Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин фурсат сохтори конститутсионии мамлакатро комилан барқарор намуд, ҷони худро ба гарав монда ба давлати Афғонистон сафар намуда гурезаҳои тоҷикро то нафари охирин ба Ватан баргардонид. Дар чандин давраҳои музокирот иштирок намуда, тарафҳоро ба он мувафақ гардонид, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шавад.
Бале, маҳз диловарии Пешвои воқеии миллат, тоҷикистониёнро аз вартаи ҳалокат ба сӯйи наҷот ва мурод раҳнамун сохт.
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро дар мамлакат асос гузошта, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаи ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Ваҳдатро дар кишвари азизамон ба даст овард ва ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид.
Имрӯз бошад тамоми фаъолият ва кушишу талошҳои Пешвои муаззамамон баҳри таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд, равона гардидааст. Таърих гувоҳ аст. Ва мо ҳамдиёрон низ бояд донем, ки саҳми фарзандони диёри мо ҳам дар барқарорнамоии ҳукумати конститутсионӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ зиёд аст. Инак даҳсолаҳост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ эътироф гардида, эътибори тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун намудааст. Шояд, дар саросари дунё халқе ё миллате набошад, ки ваҳдатро гиромӣ надорад. Бигузор калимаи «ваҳдат» дар ҳар забон ҳар хел садо диҳад, аммо ғояи он барои ҳама баробар ва азизу муътабар аст.
Ваҳдат дастоварди муҳимтарин, бузург, бебаҳо ва таърихии миллат, ормони мардум ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои Тоҷикистон мебошад.
Бисту панҷ соли Ваҳдати миллӣ, ин марҳилаи эҳёи арзишҳои миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, сулҳу салоҳ, оромӣ ва бисту панҷ қадами устуворест дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона.
Ҳамдиёрони азиз!
Боварӣ дорам, ки мардуми ба ору номуси ноҳия, бо азму иродаи қавии худ, диёри азизамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоянд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи босазои худро мегузоранд.
Дар ин лаҳзаҳои фархунда бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ ва дар хонадонатон файзу баракат таманно менамоям.
Бигузор бо роҳбарии хирадмандона ва азму талошҳои Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсии ҳар яки шумо рушди ҷомеа ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ минбаъд низ таъмин гардида, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бароямон раҳнамо бошад!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!
- Диданд: 298
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба Шумо барои анҷоми аъмоли нек, махсусан аз ғарқшавӣ наҷот додани сокинони деҳаи Ҳоҷиёни шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода изҳори сипос намуда, ҳамзамон Шуморо ба муносибати иди бузург ва муқаддаси Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд.
Ин амали неки Шумо бо фарҳанги инсонпарварӣ ва инсондустӣ ҳаммаъно буда, дар қалби мардум меҳру шафқат ва саховатро ҷой дода, ба инкишофи ҳамдилию ҳамрайъӣ мусоидат намуда, яке аз қисматҳои таркибии асосии ваҳдати миллии Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҷасурӣ ва шӯҷоати Шумо ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, байни мардумони Тоҷикистон, хусусан ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун як амали ҷавонмардона паҳн гардида, садҳо ҳазор нафар Тоҷикистонӣ аз ҳамватанӣ бо Шумо ифтихор доранд. Шумо намунаи ибрати ҳамсолон ва ҳамватанон гардидаед ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ аз шуҷоату далерии Шумо қаноатманд мебошад.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватани ҷасуру шуҷоъ!
Подкатегории
Саҳифаи 19 аз 64