РОҲПАЙМОӢ БА МУНОСИБАТИ 30-УМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ХVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ.
16-уми ноябри соли равон роҳпаймоии гурӯҳӣ бо иштироки намояндагони бахшу зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳи варзишгарон ва аъзоёни фаъоли бахши ҷавонони ноҳия ба муносибати 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор гардид.Дар ҳамоиш сараввал муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода суханронӣ намуда, тамоми иштирокчиёнро бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта ва бо ибрози суханҳои пурмухтаво тамоми мардуми шарифи нохияро зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон роҳнамун намуданд.
Баҳри болидахотирии ширкаткунандагон аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишини меҳанпарастии хеш зери роҳбарии мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷалолзода Хайриддин табъи ҳозиринро шод гардониданд.