ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин намудани Абдуғаффор Ҳикматуллозода
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҷурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳикматуллозода Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 11 январи соли 2023 №515

ҲИКМАТУЛЛОЗОДА АБДУҒАФФОР
17 апрели соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот Олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 то 1993 дар хоҷагии давлатии «Ӯртабуз»-и ноҳияи Фархор ба ҳайси коргари одӣ оғоз намуда, баъди хатми Донишгоҳ соли 1998 дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ҳамчун коромӯз фаъолияташро идома додааст. Сипас солҳои 2000 – 2003 дар вазифаҳои ёрдамчӣ ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ва соли 2003 ба ҳайси ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе оид ба кадрҳо кор кардааст.
Солҳои 2004 - 2009 прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ ва прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёти Прокуратураи генералӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то соли 2017 ҳамчун муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсияи Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Балҷувон, прокурори ноҳияи Данғара, муовини прокурори вилояти Суғд ва аз марти соли 2020 муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардидааст.