23-юми феврал дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур шуд.

        Бахшида ба ин санаи муборак рӯзи 23-юми феврали соли 2024 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо муовинон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бар пояи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик - Спитамен гулчанбар гузоштанд.

 

 

        Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони раёсати маориф, директорони коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ ва афсарону сарбозон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 

        Зимни баргузории чорабинӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад карда, ҳозиринро бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуд. Дар рафти чорабинӣ муовини аввали раиси ноҳия - Аҳлиддин Шарифзода бо медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва муовини раиси ноҳия - Муслима Саидмуродзода бо рутбаи ҳарбии навбатӣ - капитан қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия як қатор афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.

        Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.