ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

      Рӯз, 12-уми май бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии фарҳангии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода ҳозиринро ба Рӯзи Шашмақом табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём бо фарҳангу ҳунари воло ва санъати нотакрори худ дар арсаи ҷаҳон маъруф мебошад. Аз ҷумла, санъати асили Шашмақом ҳамчун яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии миллӣ маҳсуб ёфта, тӯли асрҳо аз ҷониби ромишгарону сарояндагони соҳибистеъдод сайқал ёфтаву ғанӣ гардонида шудааст.

      Ҳамчунин зикр карда шуд, ки шоҳасари мусиқии классикии тоҷик — «Шашмақом» аз насл ба насл, аз устод ба шогирд ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодӣ интиқол ёфта, то имрӯз ҷойгоҳи хоси худро дар фарҳанги миллӣ ҳифз намудааст. Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

ТАҶЛИЛИ 81-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     9-уми майи соли 2026 бахшида ба 81-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳабиба Мусоева, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

      Зимни чорабинӣ баромадкунандагон аз ҷасорату фидокориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзи Ватан баланд арзёбӣ намуданд. Иштирокдорон дар пояи ҳайкали Аскари номаълум гулчанбар гузошта, бо риояи дақиқаи хомӯшӣ хотираи шаҳидон ва иштирокчиёни ҷангро гиромӣ доштанд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо гузоштан дар рушди ҷомеа бо медалу сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза касб намуд.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

     Рӯз, 8-уми майи соли 2026 муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина, раиси Собиқадорони ҷангу меҳнат Мусоева Ҳабиба ва дигар собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ба аёдати хонадони марҳум Нуров Одина Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рафта, ба ин муносибат аҳлу оила ва хонадони марҳумро табрик намуда, аз ҷасорату қаҳрамониҳои эшон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ карданд. Таъкид карда шуд, ки маҳз шуҷоату матонати онҳо дар роҳи ҳифзи сулҳу озодӣ имрӯз ҳамчун мактаби ватандӯстиву ҷавонмардӣ барои наврасону ҷавонон ва наслҳои оянда хизмат менамояд. Ҳамзамон, ба хонадони онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастрас намуданд.