Вохӯрии раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо аҳли соҳаи маориф бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Санаи 30-юми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ оид ба таҷлили арзандаи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратулло Файзулло қайд намуданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар якҷоягӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихӣ саҳмгузор бошанд.

      Саҳмгузории мо аз хона, кӯча, маҳаллаи зисти мо шурӯъ мегардад. Аз ин рӯ, бояд ин ҷашн ва муҳимияти онро мо пурра эҳсос намуда, намоӣ хонаву дари худро ба ин ҷашн омода намоем. Бояд ҳар як шаҳрванд, истиқоматкунандагони ноҳияи мо ин муҳимиятро ҳис намуда, роҳбарон ва директорони муассисаҳои таълимӣ камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, бо соҳибкорони маҳаллӣ ва мардум аз наздик корбарӣ намоянд.

     Махсусан тоза намудани кӯчаҳо, роҳҳои пиёдагардро дар кӯчаҳои ноҳия ташкил намудан, сари вақт супоридани иншоотҳои ҷашнӣ ки дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шаванд. Алалхусус, биноҳои навтаъсис 3 адад, биноҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ 16 адад, бо 180 синфхонаҳои иловагӣ барои 8640 хонанда, 2 адад хонаи хизматӣ барои 8 омӯзгор, 2 адад толори варзишӣ, 1 адад маркази инкишофи кӯдак бо 4 синфхона, 1 обанбор, 1 кӯдакистон ба иншоотҳои ҷашнии соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2026 ифтитоҳ меёбанд.

      Ҳамзамон, дар давоми ҷаласа оид ба сару либоси мактабӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, ташкил намудани гӯшаҳои либосҳои тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дарҷ гардидаанд. Инчунин, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ, сохторҳо, маҳаллаву кӯчаҳои ноҳия, мағоза ва нуқтаҳои савдои дар маркази ноҳия ва дигар маҳалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тозагии муҳити атрофро таъмин намуда, бо мақсади инъикоси ҷашн бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва рамзҳои давлатӣ оро дода шаванд.

     Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист нишонаи фарҳанги баланди ниёгони мост. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги ноҳиядорӣ ва ободу зебо гардонидани маҳалли зист, муассисаҳо ва сохторҳо санаи 25-уми апрели соли 2026 дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умумӣ бо даъвати тамоми кормандон ва шахсони масъул дар ҳар як минтақа роҳандозӣ гардид. Дар доираи шанбегӣ корҳои зерин, аз ҷумла тоза намудани кӯчаҳо, маҳаллаҳо ва роҳҳои дохилӣ, поксозии ҷӯйборҳо ва заҳбурҳо, ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, сафедкунии дарахтон ва канораҳои роҳ, насб ва ба тартиб даровардани парчамҳо, ободу кабудизоркунии атрофро роҳандозӣ намуданд. Тозагӣ ва ободӣ нишонаи фарҳангу масъулиятшиносии ҳар яки мост.

 

     Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат 24-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, намояндагони иттифоқҳои касаба ва фаъолони соҳа иштирок намуданд. Муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина Исмоил зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки ҳифзи меҳнат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини шароити бехатару мусоиди меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон равона гардидааст.

     Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мардонзода Гулбаҳор ва Сардори Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Муминов Одилҷон дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири бехатарӣ ва таҳкими назорати дохилиидоравӣ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳодисаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ мебошанд.

      Намояндагони иттифоқҳои касаба низ оид ба нақши назорати ҷамъиятӣ дар риояи қонунгузории меҳнат андешаронӣ намуда, таъмини амнияти техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро шарти муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ карданд. Дар анҷоми чорабинӣ як қатор фаъолони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди ҳифзи меҳнат бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.