11-уми март дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Матбуот – оинаи рӯзгор ва муҳимтарин рукни ҷомеа» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони соҳаи матбуот, кормандони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони муассисаҳо ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

     Чорабиниро сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Умеда Алимова ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола 11 март ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба нашри нахустин шумораи рӯзномаи таърихии “Бухорои Шариф” иртибот дошта, яке аз саҳифаҳои муҳим дар таърихи рушди матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад. Имсол аз нашри аввалин шумораи ин рӯзнома 114 сол сипарӣ гардид.

     Дар идома, муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода суханронӣ намуда, паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро ба аҳли қалам ва собиқадорони матбуот расонид. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо, дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба силоҳи қудратманди идеологии давлатҳо табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри пешрафти технологияи иттилоотӣ нақш ва аҳаммияти матбуоти даврӣ рӯз аз рӯз афзун мешавад. Матбуот яке аз омили меҳварӣ ва қавии таъсиргузор дар ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ ба ҳисоб рафта, он ҳамчун василаи муҳимми таҳаввулоти мафкураи миллӣ ва тарғибгари арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Нақши матбуот дар такмили низоми давлатдорӣ ва устувории суботу оромии сартосарӣ ва тақвияти ваҳдати миллӣ дар ҷомеа бағоят бузург арзёбӣ гардидааст.

     Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри таъмини фазои иттилоотӣ бо ахбори саҳеҳ, санҷидашуда ва расмӣ рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» фаъолият намуда, ҳамарӯза самтҳои асосии ҳаёти ҷамъиятӣ, ахбори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро ба таври густурда инъикос месозад. Бар иловаи ин, нашрияҳои соҳавии ноҳия низ мавзуъҳои мубрами рӯзро дар самту соҳаи хеш мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

     Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода суханронӣ намуда, нақши матбуотро дар рушди ҷомеаи демократӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки журналистика бояд ҳамеша ба ҳақиқат, адолат ва манфиатҳои ҷомеа содиқ бошад. Дар идома, прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Мутеъулло ва муовини раиси суди ноҳия Исмоил Муминзода баромад карда, аҳли қаламро бо иди касбӣ табрик гуфта, нақши матбуотро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

     Дар идомаи конфронс корманди рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Хайриддин Идиев бо маърузаи илмӣ таҳти унвони «Аз таърихи рӯзномаи “Насими айём”» баромад намуд. Дар маъруза таърихи таъсисёбӣ, марҳилаҳои рушд ва саҳми рӯзнома дар инъикоси ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Қайд гардид, ки нашрия дар тули фаъолияти худ ҳамеша ба масъалаҳои муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамчун минбари озод барои ибрози андешаҳо хизмат мекунад.

     Дар қисмати қадрдонии чорабинӣ дар фазои идона як қатор собиқадорон, кормандони рӯзномаи “Насими айём” ва муаллифони фаъол барои хизматҳои шоён дар самти рушди матбуоти даврӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Сипосномаи Муассисаи давлатии рӯзномаи “Насими айём” ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.