- Диданд: 9
Pӯз, 29-уми апрели соли 2026, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамоатии Фестивал - озмуни «Як матову сад ранг» бо иштироки фаъолонаи хонандагон, омӯзгорон ва меҳмонон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди завқи зебоипарастӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, муаррифии маҳорати эҷодии иштирокчиён ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардида, дар фазои тантанавӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар фестивал - озмун муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва Зарина Исмоилзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Умеда Алимова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Нуров, намояндагони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва дигар масъулон иштирок намуданд. Нахуст, меҳмонон аз намоиши либосҳои миллӣ, маҳсули ҳунари тарроҳон ва дастовардҳои иштирокчиён дидан намуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд. Зимни баргузории озмун иштирокчиён маҳсули эҷоди худро тавассути пешниҳоди намудҳои гуногуни истифодаи матоъ, тарроҳӣ ва муаррифии либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта, маҳорати баланди худро нишон доданд.
Ҳамзамон, зимни чорабинӣ муовинони раиси ноҳия ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила баромад намуда, вобаста ба аҳаммияти фестивал - озмун, арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими манфиатҳои миллӣ ибрози андеша карданд ва нақши чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон ба рафти чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва фаъолони фестивал - озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
- Диданд: 13
Фестивал-озмуни "Як матову сад ранг" дар Ҷамоати деҳоти Гулистон
Санаи 27- уми апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 35-и Ҷамоати деҳоти Гулистон фестивал-озмуни "Як матову сад ранг" баргузор гардид. Дар озмун муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Давлатзода Неъматулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Усмонзода Моҳира, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Алимова Умеда, муовини раиси ҷамоат Воҳидова Сайда, директори муассиса Муллоева Қумрӣ иштирок намуданд.
Ҳунармандон ва тарроҳони ҷамоати номбурда дар фестивал-озмун иштирок намуда, занону духтарон аз рӯи 8 наминатсия либосҳои худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд .Ғолибон қадрдонӣ гардида, ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.
- Диданд: 27
БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЭСАНБОЙ
Санаи 26-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як матову сад ранг» бо ташаббуми шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии пуршукуҳ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира, намояндаи раёсати маорифи ноҳия Саидмуродзода Муслима ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Эсанбой иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокчиён бо либосҳои миллии зебо ва рангоранг ҳунару фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб карданд. «Як матову сад ранг» танҳо як ибора нест — он фалсафаи зиндагист. Ин сухан аз он шаҳодат медиҳад, ки зиндагӣ мисли матои нозук бо садҳо ранг оро ёфтааст: шодӣ ва ғам, умед ва орзу, меҳнат ва комёбӣ. Ҳар инсон метавонад бо рафтору андешаҳои нек зиндагии худро рангоранг ва зебо созад.
Дар фарҳанги пурғановати тоҷикон, матоъбофӣ ва гулдӯзӣ рамзи завқи баланд, заҳмати софдилона ва ҳунари воло ба шумор меравад. Ҳар нақшу нигор қиссае дорад, ҳар ранг маъние. Ин ҳама бозгӯи таърих, анъана ва рӯҳи зиндаи миллат аст. Ин фестивал на танҳо намоиши либосҳои миллӣ, балки ҷашни худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мост.
Саҳифаи 1 аз 9

