Pӯз, 29-уми апрели соли 2026, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамоатии Фестивал - озмуни «Як матову сад ранг» бо иштироки фаъолонаи хонандагон, омӯзгорон ва меҳмонон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди завқи зебоипарастӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, муаррифии маҳорати эҷодии иштирокчиён ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардида, дар фазои тантанавӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар фестивал - озмун муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва Зарина Исмоилзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Умеда Алимова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Нуров, намояндагони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва дигар масъулон иштирок намуданд. Нахуст, меҳмонон аз намоиши либосҳои миллӣ, маҳсули ҳунари тарроҳон ва дастовардҳои иштирокчиён дидан намуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд. Зимни баргузории озмун иштирокчиён маҳсули эҷоди худро тавассути пешниҳоди намудҳои гуногуни истифодаи матоъ, тарроҳӣ ва муаррифии либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта, маҳорати баланди худро нишон доданд.
Ҳамзамон, зимни чорабинӣ муовинони раиси ноҳия ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила баромад намуда, вобаста ба аҳаммияти фестивал - озмун, арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими манфиатҳои миллӣ ибрози андеша карданд ва нақши чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон ба рафти чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва фаъолони фестивал - озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

