- Hits: 6
ИСТИҚБОЛИ ГУРӮҲИ «ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ»
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Ба ҳайати гурӯҳ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода ва сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муродова шомил мебошанд.
Зимни сафар меҳмонон аз фаъолияти коргоҳи қаннодии «Хонум Эклэр» дидан карданд. Коргоҳи мазкур бо ташаббуси хоҳарон Нурхон ва Раҳима Мирзоҷоноваҳо моҳи майи соли ҷорӣ дар заминаи курсҳои омӯзишии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ таъсис ёфтааст.
Дар муддати кӯтоҳ 20 нафар занону духтарони деҳот дар ин марказ нозукиҳои ҳунари қаннодӣ, усулҳои омода ва захира намудани меваю маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистонро аз худ намуда, соҳиби касбу ҳунар ва малакаҳои муосир гардидаанд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи шуғли занону духтарон ва рушди соҳибкории онҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар анҷоми боздид ба хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ Шаҳодатнома тақдим карда шуданд.
Ин рӯйдод барои иштирокчиён дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд буда, қадами нав дар роҳи соҳибкасб гардидани занону духтарони маҳаллӣ ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Дар идомаи сафари гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол», ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, вохӯрӣ бо занону духтарони ноҳияи Рӯдакӣ дар Гимназияи тоҷикӣ-русӣ ба номи А.С. Пушкин баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони хизмати давлатӣ ва фаъолзанони ҷомеа иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки истиқлолу сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки бо талошу ҳамдилии тамоми шаҳрвандон ҳифз ва таҳким меёбанд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои назарраси занону духтарони кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, нақши онҳоро дар пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврас ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки имрӯз барои занону духтарон имкониятҳои васеи таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва иштирок дар идоракунии давлатӣ фароҳам гардидааст.
Шоир Шаҳрия Аҳтамзода бо суханони пурмуҳтаво ва шеърҳои ватандӯстона фазои чорабиниро боз ҳам гарму самимӣ гардонида, аҳамияти дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва арҷгузорӣ ба неъмати истиқлолро таъкид кард.
Мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Файзигул иброз дошт, ки занон ҳамчун тарбиятгарони насли оянда дар таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ҳифзи суботи кишвар саҳми арзишманд доранд.
Собиқадори хизмати давлатӣ Муслима Саидмуродова низ дар суханронии худ аз дастовардҳои занони тоҷик дар солҳои Истиқлолият ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузорад.
Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокдорон андешаҳои худро доир ба арзиши истиқлол, нақши занон дар рушди ҷомеа ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар роҳи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз намуданд.
- Hits: 5
РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН МУБОРАК!
Ҳамасола 10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мешавад. Ин рӯз барои аҳли варзиш, варзишгарону мураббиён ва ҳамаи дӯстдорони тарзи ҳаёти солим фурсати хубест барои гиромидошти заҳмату талошҳои онҳо.
Ба муносибати ин санаи фархунда ҳамаи варзишгарону мураббиёнро самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, иродаи қавӣ, руҳи пирӯз ва комёбиҳои нав дар майдонҳои варзиш орзу менамоем.
Бигзор меҳнати ҳар як варзишгар бо натиҷаҳои арзанда ва Парчами Тоҷикистони азиз бо пирӯзиҳои нав дар арсаҳои варзишӣ баланд бардошта шавад.
- Hits: 24
ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ СУЛҲ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Рӯз, 2-юми июли соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва Зарина Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимҷон Ҳомидзода, и.в. сардори раёсати маорифи ноҳия Зинат Гурезова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Рухшона Шобудинова, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мусоева, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036», ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи кишвари мо дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Зикр шуд, ки ин ташаббуси байналмилалӣ ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои созанда ва тарбияи наслҳо дар руҳияи инсондӯстиву таҳаммулпазирӣ мусоидат хоҳад кард.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои дилнишин ва барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия идома ёфт. Барномаи рангин муҳити идона фароҳам оварда, арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватанро васф намуд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар аз ҷонибдории сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз сиёсати сулҳофаронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии онҳо барои саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани азиз шаҳодат дод.


Page 1 of 11

