БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ "ШОМИ ДӮСТӢ"

 

     Дар доираи чорабиниҳои Фестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир", ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ давом дорад, шоми 3-юми апрел дар майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи рангини фарҳангӣ зери номи "Шоми дӯстӣ" доир гардид.

      Дар чорабинии фарҳангӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Инчунин, дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, намояндагони ташкилоту идораҳо ва сокинону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

      Дар рафти барномаи фарҳангӣ барои болидаруҳии иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва санъаткорони мумтозу номдор суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумкунандаи сулҳу ваҳдату дӯстӣ дар сатҳи баланд иҷро гардид.

      Дар хотимаи барномаи фарҳангӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳуриро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.