Pӯз, 23-юми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Конференсия таҳти унвони "Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ" баргузор гардид.
Дар Конференсия муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода, судяи Суди конститутсионӣ Фотеҳ Қувватзода, ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ Зарина Шоҳназарзода ва фаъолону ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Зимни маърузаҳо гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон, инчунин, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкориро дар бар гирифта, барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зикр шуд, ки дар робита ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузорад Қайд гардид, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём таъкид гардидаанд, бояд ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шавад. Дар фарҷоми конференсия аз тарафи ҷавонон ба меҳмонон суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас шунида шуд ва бо ҳамин кори конференсияи мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардид.

