Ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 марти соли 2007 ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор карда мешавад.

 

     Имсол баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба санаи 19-уми май рост омад. Дар ин асос аз 2-юми майи соли ҷорӣ Амри раиси ноҳияи Рӯдакӣ "Дар бораи баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" ба тасвиб расид.

      Субҳи имрӯз, 19-уми май дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ - шаҳраки Сомониён бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва доираи васеи сокинон мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия - Абдуғаффор Ҳикматуллозода раиси дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд

      Пеш аз оғози мусобиқа раиси ноҳия - Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад намуда, иштирокчиёни Дави миллӣ ва марафони велосипедрониро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик кард. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати боз ҳам оммавӣ намудани варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар миёни сокинон мусоидат менамояд.

      Мусобиқаи дав ва марафони велосипедронӣ аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён то майдони муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ давом кард. Пас аз натиҷагирии мусобиқа аз ҷониби ҳакамон ғолибон дар миёни мардон ва занон  муайян гардиданд.

     Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ғолибонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик кард. Сипас, нафарони пирӯз бо Диплом, Ҷом, медал ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.