26-уми феврали соли 2025 дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо ва ҷашну солгардҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида шуд.
 
 
Дар фестивал тарроҳону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, аз рӯйи муқаррароти фестивал либосҳои қадимаи чакан, либосҳои чакани кӯдакона, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, инчунин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро пешкаши ҳакамон карданд. Аъзои ҳакамон аз намоишгоҳи оростаи аҳли ҳунари ноҳия дидан намуда, ба онҳо баҳои арзанда доданд.
 
Дар суханронии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода зикр шуд, ки мақсад ва ҳадафи асосии баргузории фестивал баланд бардоштани ҳисси зебоипарасӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, бедор кардани завқи аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ, боло бурдани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ ва бо ин васила тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи "Чакан, ҳунари гулдӯзӣ" ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
 
Пас аз натиҷагирӣ ва баҳодиҳӣ ба ҳунари иштирокчиён ғолибону беҳтаринҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон муайян шуда, бо Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳхати даври ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.
 
Дар хотимаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
 
Возможно, это изображение 5 человек и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека
 
Возможно, это изображение 5 человек и текст

Шуруъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардида истодаанд.

 

    Ин маротиба чорабинии бошукӯҳи идона дар Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия баргузор шуд. Шоми 23-юми август бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, роҳбарони сохтору идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонон дар деҳаи Румии шаҳрак дар фазои идона чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

 

    Зимни ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳозиринро ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, оид ба арзиши баланд ва безавол доштани неъмати соҳибистиқлолӣ сухан ронд. Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқи мо осон ба даст наомадааст. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон вориди гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид ва руҳияи яъсу ноумедӣ ҷомеаро фаро гирифт. Ба майдони сиёсат ворид шудани фарзонафарзанди миллат, наҷотбахши давлату халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ҳадяи худовандӣ барои халқи тоҷик аст, зеро ин шахсияти таърихсоз минбаъд бо ақлу заковати азалӣ халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод.

 

     Қайд гардид, ки дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои мутараққии дунё мавқеи худро устувор кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҷомеаи мо бисёр пешравиҳо ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин моро вазифадор месозад, ки бо қаноатмандӣ аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар дар самти давлату давлатдорӣ ва рафъи тамоми монеаҳо ва мушкилоти мавҷуда саъйу талоши бештар ба харҷ диҳем. Раиси ноҳия бо таъкид ба сокинону фаъолони шаҳраки М. Турсунзода қайд намуд, ки вазъияти ногувори ҷаҳон аз ҳар яки мо зиракии сиёсӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро талаб менамояд. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо дарки дурусти вазъият амал намуда, дар пешравию тараққиёт, ҳифзи якпорчагии кишвар, тақкими Истиқлоли давлатӣ, тақвияти ваҳдату сулҳу дӯстӣ саҳми хешро гузорем.

 

     Дар  идомаи суханронӣ раиси ноҳия аз ташаббусҳои созандаи аҳли ҷамоатчигии шаҳраки М. Турсунзода ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки дар радифи ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа доштанд, се сокини деҳаи Мавҷ маблағи барои адои маросими ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар иқдоми хайр сарф намуда, аз ин ҳисоб 600 метр роҳи автомобилгарди деҳаи мазкурро мумфарш намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои ҳудуди шаҳрак бо маблағи 18 ҳазор сомонӣ равшаннамоӣ шуданд. Илова бар ин, дар деҳаи Мавҷ ҳашт синфхона ва Истиқлол-3 нуҳ синфхона аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода супорида шуданд. Чунин иқдомҳои созанда минбаъд низ идома дода мешавад.

 

 

     Пас аз суханронии раиси ноҳия қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз шуд. Дар ин қисмат аз ҷониби сарояндагон ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ, суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

29-сентябр дар Қасри фарҳангӣ ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барномаи адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат дар нохияи Рӯдакӣ, бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ соҳаи маориф донишҷуён ва толибилмони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии нохия чорабинихои фарҳанги доир гардид. Ин чорабини бо қироати шеър ва намоиши саҳна барои иштирокчиён хотирмон ва пурмазмун гузашт. Аз рафти ҳамоиш муаян гардид, ки наврасон ба ин чорабини омодагии хуб дида аз хаёт ва фаъолияти эчодии Мавлоно Чалолиддини Балхи маълумотҳои бисёр чамъ оварданд.
Ҳамин гуна чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимии нохия гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъоли ин чорабиниҳо аз номи шуъбаи маорифи нохия бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

Макун эй дӯст ғарибам сари савдои ту дорам,
Ману болои манора, ки таманои ту дорам.
Зи ту сармасту хуморам хабар аз хеш надорам,
Сари худ низ нахорам, ки таманои ту дорам.
Дили ман равшану муқбил зи чи шуд, бо ту гуям,
Ки дар оинаи дил рухи зебои ту дорам.
Макун эй дӯст маломат бинигар рӯзи қиёмат,
Ҳама мавҷам, ҳама чу шам дури дарёи ту дорам.