1 июн бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мактаб-интернатҳо, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ноҳия ва дигар кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

        ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ГАРДИД.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
           Санаи 12 май дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Курбони ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ бо намояндагони фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Хайриддин Ҷалолзода иштирок намуданд.
      Дар мулоқот масъалаҳои ҳалталаби соҳа, вазъи китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва дигар мушкилоту дастовардҳои соҳаи фарҳанг баррасӣ гардида, Орифӣ Озар Баҳромзода ба масъулини соҳаи фарҳанги ноҳия доир ба ҳуҷҷатгузории соҳаи фарҳанг, пешниҳоди гузоришу ҳисоботҳо ва дигар маъалаҳои ҷорӣ маслиҳатҳои муфид дод.