- Диданд: 522
Ҷалолзода Хайриддин Ҷалол 9-уми январи соли 1969 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби 6 (шаш) фарзанд мебошад. Аз соли 2010 аъзои ҲХДТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. |
Соли 1976 қадами аввалини худашро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ноҳия гузошта, соли 1984 ин даргоҳи илму маърифатро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Баъди хатми муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи А.Бобоқулов месупорад ва ин омӯзишгоҳро соли 1988 хатм менамояд.
Аз соли 1989 то соли 2007 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ кору фаъолият менамояд.
Соли 2007 дар Қасри фарҳангӣ ба номи Кароматулло Қурбонов ба ҳайси солист (овозхон) ба кор таъин шудааст.
Аз соли 2007 то 2008 дар заводи пахтаи "Айнӣ" ҳамчун роҳбари клуб фаъолият намудааст.
Аз соли 2009 то 2010 директори хонаи маданияти ҷамоати Сарикиштӣ шуда кору фаъолият намудааст.
Соли 2010 ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 2015 донишкадаро бо муввафақият хатм менамояд.
Аз соли 2011 то 2016 директори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонов кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2016 то соли 2021 дар вазифаи директори мактаби санъати бачагонаи ба номи М.Ашрафӣ кору фаъолият намудааст.
Ҳол он аз соли 2021 то ин ҷониб мудири Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.
Дар тулли фаъолияти корияш ба бисёр муввафақиятҳои ноил гардидааст:
Соли 2010 бо медали "Аълочии фарҳанг"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо медали "Хизмати шоиста"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2021 бо нишони "Аълочии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", моҳи октябри соли 2021бо нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моҳи ноябри соли 2021 бо нишони "30-солагии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" сазовор гардидааст.
Инчунин дар тӯли фаъолияти пурсамари меҳнатиаш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
- Диданд: 419
Дар ноҳия 31 адад китобхона бо фонди умумии зиёда аз 204701 нусха маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 6 хонаи фарҳангӣ, 1 қасри фарҳанг, 11 клуб, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона фаъолият менамоянд.
Соли 2021 аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия 97 чорабинии фарҳангӣ аз қабили суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, фестивалу озмунҳо ва консерту намоишномаҳо баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар тамошобин иштирок доштанд.
Дар соли 2021 нерӯи аҳли фарҳанги ноҳия, асосан ба масъалаҳои фароҳам овардани фароғати сокинони ноҳия, ташаккули завқи баланди бадеии насли ҷавон, густариши санбати бадеӣ ва солҳои руди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона карда шуда, дар ин раванд теъдоди зиёди аҳолӣ ҷалб гардида, шумораи зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва маърифатӣ аз қабили Иди Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Модар, Иди ғалаба, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои “Чакомаи гесӯ”, “Сайри гули лола” "фестивалҳои “Ҷилваи ҳусн”, “Тараннуми истиқлол”, “Файзи истиқлол”, “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ва “Андалеб -2021”, рӯзҳои “Рӯдакӣ”, Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ” ва дигар ҷашну идҳо хотирмон ва пуршукӯҳ таҷлил карда шуд.
- Диданд: 980
Дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз давлатдории миллӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, Амру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар доираи соли 2018 эълон гардидани соли " Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро сармашқи кори худ қарор дода, мутобиқ ба он нақша- чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро тарҳрези намуда, ҷиҳати марҳила ба марҳила иҷроиши нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" як ҷумла корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар Бахши фарҳанги ноҳия 30 -адад муасисаҳои клубӣ, 37-адад китобхонаи оммавӣ - давлатӣ, мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, театри халқӣ фаъолият намуда, 129 нафар мутахасисон: 49-нафар бо маълумоти Олӣ, 71 нафар бо маълумоти миёнаи тахассусӣ, 9 нафар бо маълумоти миёна буда, 4 нафарашон дар шӯъбаҳои ғоибонаи Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Ҷ. Буйдоқов, 5 нафарашон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода таҳсили ихтисос доранд.
Саҳифаи 4 аз 4