26-уми феврали соли 2025 дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо ва ҷашну солгардҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида шуд.
Дар фестивал тарроҳону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, аз рӯйи муқаррароти фестивал либосҳои қадимаи чакан, либосҳои чакани кӯдакона, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, инчунин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро пешкаши ҳакамон карданд. Аъзои ҳакамон аз намоишгоҳи оростаи аҳли ҳунари ноҳия дидан намуда, ба онҳо баҳои арзанда доданд.
Дар суханронии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода зикр шуд, ки мақсад ва ҳадафи асосии баргузории фестивал баланд бардоштани ҳисси зебоипарасӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, бедор кардани завқи аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ, боло бурдани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ ва бо ин васила тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи "Чакан, ҳунари гулдӯзӣ" ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
Пас аз натиҷагирӣ ва баҳодиҳӣ ба ҳунари иштирокчиён ғолибону беҳтаринҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон муайян шуда, бо Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳхати даври ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.


