БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЭСАНБОЙ
Санаи 26-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як матову сад ранг» бо ташаббуми шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии пуршукуҳ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира, намояндаи раёсати маорифи ноҳия Саидмуродзода Муслима ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Эсанбой иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокчиён бо либосҳои миллии зебо ва рангоранг ҳунару фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб карданд. «Як матову сад ранг» танҳо як ибора нест — он фалсафаи зиндагист. Ин сухан аз он шаҳодат медиҳад, ки зиндагӣ мисли матои нозук бо садҳо ранг оро ёфтааст: шодӣ ва ғам, умед ва орзу, меҳнат ва комёбӣ. Ҳар инсон метавонад бо рафтору андешаҳои нек зиндагии худро рангоранг ва зебо созад.
Дар фарҳанги пурғановати тоҷикон, матоъбофӣ ва гулдӯзӣ рамзи завқи баланд, заҳмати софдилона ва ҳунари воло ба шумор меравад. Ҳар нақшу нигор қиссае дорад, ҳар ранг маъние. Ин ҳама бозгӯи таърих, анъана ва рӯҳи зиндаи миллат аст. Ин фестивал на танҳо намоиши либосҳои миллӣ, балки ҷашни худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мост.

