Санаи 1- уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107-и деҳаи Истиқлоли 3-и Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Омӯзгорону муҳассилини муассиса намунаи ҳунарҳои мардумии маҳсули дасти худ ва маҳсулотҳои нонию таомҳои миллиро ба маръази тамошо гузошта, соли нави аҷдодиро бо тамоми анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои хосаш истиқбол намуданд. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ мудири шуъбаи занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира ҳозиринро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Наврӯз аз зумраи маҳбубтарин ҷашни миллати мо буда, бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро касб намудааст ва мо ворисони аслии ин ҷашни муҳим бояд бо ифтихор ва бо арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғании миллат ба ҷаҳониён онро муаррифӣ намоем. Ҳамзамон директори муассисаи мазкур Ризвоншоева Хайринисо суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагии кишвар кулли иштирокчиёнро бо ин ҷашни бостонии миллат табрику таҳният намуд. Сониян аз ҷониби муҳассилини муассиса таҳти суруду мусиқиҳои миллию ватандӯстона барномаи рангини фарҳангӣ манзури меҳмонону дигар тамошобинон гардид.

