КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ШАҲРАКИ СОМОНИЁН.  «ДЕҲА БА ДЕҲА»
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, дар кӯчаи Зебунисои Ҷамоати шаҳраки Сомониён ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии навбатӣ бо усули «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид.
Дар мулоқот сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Л. Назирова, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Б. Назаров, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия М. Ҳимматов ва сармутахассиси ҳамин шуъба С. Мусозода иштирок намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба суботу амнияти ҷомеа ва тарзи зиндагии шаҳрвандон иртибот доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим ва пешгирии таъсири фарҳанги бегона ба муҳити иҷтимоӣ андешаҳои муфид баён карда шуданд.
Махсусан, таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҳар як шаҳрванди масъул ҳисси баланди худшиносӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талаб менамояд. Волидон ва ҷомеа бояд дар тарбияи дурусти фарзандон, бахусус, ҷавонон нақши фаъол дошта бошанд ва онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ва ғояҳои бегона эмин нигоҳ доранд.
Ҳамчунин, масъалаи риояи тозагӣ ва ободонии маҳалли зист низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Иштирокчиёнро ба тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла, роҳ надодан ба партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқаррар нагардида ва муносибати масъулиятнок ба муҳити зист даъват намуданд. Зеро ободиву тозагии маҳал, пеш аз ҳама, аз фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти ҳар як сокин оғоз меёбад.
Дар рафти вохӯрӣ миёни масъулин ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, ба саволу пешниҳодҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Чунин вохӯриҳои «Деҳа ба деҳа» барои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуб, таҳкими арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим дошта, идомаи онҳо дар маҳалҳо метавонад ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намояд.
 
Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
МУРОҶИАТ БА ПАДАРУ МОДАРОН!
Фарзандони мо сарвати бебаҳои зиндагиямон мебошанд. Бо фаро расидани фасли гармо кӯдакон бештар барои оббозӣ ба соҳили дарёҳо, кӯлҳо, каналҳо, обанборҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ мераванд. Мутаассифона, ҳар сол бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта мешаванд.
Аз шумо, падару модарони муҳтарам, эҳтиромона, хоҳиш менамоем:
1. Ҳеҷ гоҳ кӯдаконро дар назди об бе назорати калонсолон нагузоред.
2. Ба фарзандонатон танҳо дар ҷойҳои барои шиноварӣ иҷозатдодашуда ва бехатар иҷозаи оббозӣ диҳед.
3. Ба кӯдакон фаҳмонед, ки шиноварӣ дар дарёҳои тезоб, каналҳо, обанборҳо ва ҷойҳои ношинос хатарнок аст.
4. Агар фарзандатон шиновариро хуб намедонад, ӯро танҳо ба об даромадан иҷозат надиҳед ва аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода баред.
5. Ба кӯдакон омӯзонед, ки ҳангоми дидани шахси дар ҳолати ғарқшавӣ қарордошта, худсарона барои наҷот додан ба об надароянд, балки фавран калонсолон ё хадамоти наҷотро огоҳ созанд.
6. Ҳангоми истироҳат дар соҳили об диққати худро аз кӯдакон дур насозед, зеро ҳодисаи нохуш метавонад дар чанд лаҳза рух диҳад.
Дар хотир дошта бошед, ки аксари ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон бе назорати доимии волидон ва риояи қоидаҳои оддии бехатарӣ пешгирӣ мешаванд.
Ҳифзи ҷони кӯдакон вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар аст. Биёед, бо эҳтиёткорӣ, масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ барои амнияти фарзандонамон саҳм гузорем ва нагузорем, ки беэҳтиётӣ боиси фоҷиа гардад.
Эҳтиёт ҳаётро наҷот медиҳад!
Муҳаммад ЮСУФЗОДА,
афсари калони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ
ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ АВВАЛ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ НИМСОЛАИ ДУЮМ
Рӯз, 8-уми июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Нусратулло Салимзода ва муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин ва дигар фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Маҷлиси ҷамъбастӣ бо суханронии муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода оғоз гардид. Муовини якуми раиси ноҳия зимни суханронӣ аз дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта дар давраи ҳисоботӣ гузориш пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини ҳадафҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва иҷрои нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, созандагӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, муътадилгардии вазъи молиявию иқтисодӣ ва афзоиши воқеии нишондиҳандаҳо таъмин гардид.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 204 млн 853 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин 122,0 фоизи нақшаро дар бар гирифта, аз нақшаи пешбинигардида 36 млн 391 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 млн 728 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба маблағи 69 млн 442 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 76 млн 858 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 111,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, иҷроиши нақша аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 106,0 фоиз ва аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 121,0 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нақша қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2026 маблағи 299 млн 642 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷроиши он 266 млн 906 ҳазор сомонӣ ё 89,1 фоизро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 65 млн 519 ҳазор сомонӣ ё 32,5 фоиз зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз то санаи 1-уми июни соли 2026 маблағи 31 млн 400 ҳазор сомониро ташкил медоданд ва дар натиҷаи чораандешиҳо то санаи 1-уми июли соли 2026 ба маблағи 3 млн 459 ҳазор сомонӣ кам карда шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воридоти маблағҳои ғайринақдӣ 324 млн 302 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 млн 646 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 283 млн 585 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба 8425 нафар соҳибкорон ва соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 139 млн 411 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 158,8 фоиз ё худ 51 млн 634 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 203 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 486 млн 996,8 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 млн 834,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 130 фоизро ташкил медиҳад.
Шабакаҳои барқӣ ба корхонаю ташкилот ва аҳолии ноҳия ба маблағи 110 млн 664,7 ҳазор сомонӣ неруи барқ фурӯхтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,6 фоизро ташкил дода, 32 млн 505,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 4 адад корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул мебошанд, ки айни ҳол аз ҷониби онҳо зиёда аз 15100 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардида, дӯхти либосҳои мактабӣ бо маром идома дорад. Нақшаи истеҳсоли либоси мактабӣ барои соли таҳсили 2026-2027 45 ҳазор адад либоси мактабӣ муқаррар гардидааст.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 777 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 млн сомонӣ зиёд буда, 114,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар самти обёрии заминҳои кишт, гарчанде аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар сарбанди об корҳои зиёде анҷом дода шуда бошад ҳам, бо сабаби боронҳои пайдарпайи соли ҷорӣ ҳаҷми оби дарё зиёд гардида, ба корҳои иҷрошуда зарар расонид. Барои ҷоннок намудани корҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла дар самти обёрии заминҳои кишт, корҳо шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 корхонаҳои сохтмонию пудратии ноҳия ба маблағи 450 млн 268 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию пудратиро бо қувваи худӣ иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ба маблағи зиёда аз 20 млн 700 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар шашмоҳаи аввал ҷиҳати пешгирии паҳншавии фарҳанги либоспӯшии бегона ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 369 иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бо маром идома доранд. Аз шумораи умумии 369 иншооти ҷашнӣ, ба ҳолати 1-уми июл 509 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 137,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар идомаи маҷлиси ҳисоботӣ муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода ба раиси ноҳия ва ҳозирин барои ҷидду ҷаҳд ва меҳнати самарабахшашон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки бо вуҷуди ҳамаи корҳои анҷомёфта бояд аз тамоми қувваю имкониятҳо истифода бурда, иншоотҳои ҷашниро бо сифати баланд ба анҷом расонида, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирем.
Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода зимни таҳлили вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва тамоми фаъолони ноҳия барои фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назарраси дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бадастомада изҳори сипос намуд.
Дар баробари ин таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҳанӯз ҳам дар ноҳия як қатор масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як роҳбару масъул масъулияти баланд, ташаббускорӣ ва фаъолияти боз ҳам самарабахшро тақозо менамояд.
Раиси ноҳия зимни таҳлили вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои вусъат бахшидани кишти такрорӣ, истифодаи босамару мақсадноки заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, пешгирии ҳолатҳои ғасби замин, бунёди гармхонаҳои нав, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, ба зарурати пурзӯр намудани назорати экологӣ, бартарафсозии партовгоҳҳои ғайриқонунӣ, беҳтар намудани вазъи тозагӣ ва ободонии маҳалҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, кам намудани бақияпулиҳои андозу хидматрасониҳои коммуналӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, мубориза бо тақлид ба фарҳанги бегона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву фарҳангии ҷавонон, инчунин сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки барои таъмини волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ҳамкории мақомоти дахлдор, бахусус, нозирони минтақавӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аҳолӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шавад, то пеши роҳи ғасби замин, қонунвайронкуниҳо ва дигар амалҳои номатлуб сари вақт гирифта шавад.
Ҳамчунин, ба роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати мумфарш намудани роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳо, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Қайд гардид, ки агарчи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар аксари соҳаҳо назаррас мебошанд, вале ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданашуда зиёданд ва бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад. Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои истифодаи босамари заминҳои бекорхобида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ноҳия чораҳои муассир андешанд.
Дар идомаи ҷаласа раиси ноҳия ба масъалаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҳар як роҳбар бояд барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин ҷашни таърихӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Бо ин мақсад ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалу мавзеъҳо, иҷрои саривақтии нақшаи иншооти ҷашнӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро таъмин намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ истиқбол гиранд.
Дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо назардошти рушду пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҷиҳати вусъат бахшидан ба таъмини рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳо, қарори дахлдор қабул гардид.
Дар анҷом раиси ноҳия таъкид кард, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бояд дар нимсолаи дуюми соли 2026 боз ҳам тақвият дода шаванд.
Возможно, это изображение текст "นาว a CCn III"Возможно, это изображение толпа и текстВозможно, это изображение текст