ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     Рӯз, 20-уми апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи чорабинӣ, ки дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор шуд, муовини раиси ноҳия - раиси комиссии озмун Зарина Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимҷон Ҳомидзода, сардори раёсати маорифи ноҳия Нуралӣ Ализода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мохира Усмонзода ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Умеда Алимова иштирок намуданд.

    Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода баромад намуда, зикр кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузоре ба хизматҳой шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати токик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шойстаи ниегони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва хариносии миллӣ, ифтихори ватандоре, таҳкими ҳофисаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни звучит, ки бо далелҳой раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳой илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Гуфта шуд, ки осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, бахусус, «Шоҳнома», ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқу маърифат, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дошта, тавас чунин озмунҳо муҳаббат ба таъриху фарҳанги миллӣ дар қалби онҳо реша медавонад.

     Дар фарҷоми суханроне муовини раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати оғози даври ноҳиявии озмун самана муборакбод гуфта, ба онҳо барору муваффақият ва пирӯзӣ таманно кард. Сипас, дар бинои Китобхонаи ноҳия даври ноҳиявии озмун оғоз шуд ва иштирокдорон аз рӯйи гурӯҳҳои синнусоле баромадҳоро шуруъ карданд. Тибқи иттилои раёсати маорифи ноҳия дар даври якуми озмун 2243 нафар, аз ҷумла, 1773 нафар духтарон аз ҳисоби ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ ширкат варзида, аз ин шумора ба даври дуум (ноҳиявӣ) 747 нафар роҳхат гифтанд.