Баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар кишвар Фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардида истодааст.

Рӯз, 11-уми апрели соли 2026 дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивали гулҳо - "Сайри гули лола" доир шуд, ки дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз аз ҷониби гулпарварон навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ва аз тарафи ҳунармандон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиёни фестивал гардид.

Аз ҷараёни баргузории Фестивали гулҳо "Сайри гули лола" муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ дидан намуда, ба иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода зикр кард, ки ҳадафи асосии баргузории ин фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист мебошад. Гуфта шуд, ки “Сайри гули лола” ин анъанаи миллати тоҷик буда, рамзи зебогӣ ва фарҳанги мардум ба ҳисоб меравад.

Дар доираи фестивал аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри иштирокдорон барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон муайян гардида, бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мукофотонида шуданд.