СИЁСАТИ ВАРЗИШПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЗАМИНАИ ПИРӮЗИҲОИ ҶАВОНОН
Рӯз, 10-уми августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон таҳти унвони «Сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат — заминаи пирӯзиҳои ҷавонон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ, варзишгари шинохтаи ҷумҳурӣ Темур Раҳимов, роҳбарони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, устодону собиқадорони соҳаи варзиш, варзишгарон, ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи раиси ноҳия иштирок намуданд.
      Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми варзишгарони ноҳияро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик намуда, барояшон дар роҳи интихобкардаашон комёбиҳои тоза орзу кард.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки тоҷикон аз қадим ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили муҳимми солимии инсон, обутоби ҷисмонӣ ва ташаккули ирода таваҷҷуҳ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин анъана бо сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Имрӯз дар кишвар барои рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии иншооти варзишӣ ва омода намудани варзишгарони сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Натиҷаи ин ғамхориҳо дар дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ равшан ба назар мерасад. Парчами Тоҷикистон имрӯз дар арсаҳои гуногуни варзишӣ барафрохта мешавад ва ҳар як пирӯзии варзишгарони тоҷик ба номи Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол пайванд мегирад.
Дар идомаи ҳамоиш директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ, ҷудокори шинохта Темур Раҳимов суханронӣ намуда, варзишгаронро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи варзиш барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Имрӯз варзишгарони ҷавон метавонанд дар шароити муносиб машқу тамрин намуда, маҳорати худро дар мусобиқаҳои сатҳи баланд санҷанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин саҳми мураббиёну устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш дар тарбияи насли ҷавон ва омода намудани варзишгарони соҳибистеъдод махсус таъкид гардид. Зеро пушти ҳар як пирӯзии варзишгар заҳмати шабонарӯзии мураббӣ, таҷрибаи устод ва дастгирии пайвастаи аҳли оилаву ҷомеа меистад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор устодону собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, фаъолияти самаранок ва нишон додани натиҷаҳои назаррас Сипоснома ва туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид.
 
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ. Роҳпаймоии осоишта дар шаҳраки Сомониён
      10-уми августи соли 2026 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ - шаҳраки Сомониён ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинону фаъолони шаҳрак баргузор гардид.
      Дар роҳпаймоӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Сомониён Фирдавс Холмаҳмадзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони шаҳрак иштирок намуданд.
      Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз масири муайяншуда гузаштанд. Ҳузури фаъолонаи ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба роҳпаймоӣ ҳусни хос бахшида, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро бозгӯ мекард.
      Роҳпаймоии осоишта дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, баёнгари руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдории сокинони шаҳрак аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд.
 
ҶАСАДИ ШАҲРВАНДИ ҒАРҚШУДА ПАЙДО ГАРДИД
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ медиҳад, ки санаи 31-уми июли соли 2026 дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Истиқлол-4, шаҳрванд Ташрипов Баҳридин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 7 апрели соли 1998, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд.
Ташрипов Баҳридин Саъдуллоевич сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти Тугарак, деҳаи Тугарак буда, муваққатан дар деҳаи Истиқлол-4-и Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода истиқомат мекард.
Баъди рух додани ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷойи ҳодиса сафар намуда, корҳои ҷустуҷӯии шаҳрвандро дар дарёи Кофарниҳон оғоз карданд.
Субҳи имрӯз, 8-уми август корҳои ҷустуҷӯӣ идома ёфта, дар натиҷа ҷасади Ташрипов Баҳридин Саъдуллоевич пайдо карда шуд.
Ҷасад барои муайян намудани сабабҳои ҳодиса ва анҷом додани амалҳои дахлдор ба мақомоти тафтишотӣ супорида шуд.
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо, каналҳо ва дигар обанборҳо қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.