Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик ва эҳтирому арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ соли ҳаштум аст, ки дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мешавад.
Pӯз, 21-уми апрели соли 2026 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмун доир шуд.
Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси ноҳия - раиси Комиссияи тадорукоти озмун Зарина Исмоилзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мунира Мирзоева, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Умеда Алимова, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов Салоҳидин Разоққзода ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода зимни сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, зикр кард, ки баргузории чунин озмуну фестивалҳо барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ гардида, гувоҳ аз таваҷҷуҳ ва дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба соҳаи фарҳанг мебошад.
Дар озмун донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов, таълимгирандагони мактаби бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ҳунари хешро пешкаши ҳакамон карданд.
Озмун дар сатҳи баланд ва риояи талаботи муайяншуда ҷараён гирифта, аз ҷониби ҳакамон шаффоф ва одилона баҳогузорӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар асоси Низомномаи озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин, имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

